Jump to content

Аламут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Дижи Аламут)
Аламут
Нигора
Mountain range Албурз[1]
Бунёнгузор Justanids[d][1]
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Alamut-e Bala Rural District[d][2]
Мавқеият Аламут[d][1]
Баландӣ аз сатҳи баҳр 2 000 м
Доранда Ҳасани Саббоҳ
Маводди созанда санг
Сабки меъморӣ Safavid architecture[d][1]
Таърихи ифтитоҳи расмӣ 860[1]
Таърихи фурӯпошӣ декабри 1257
Навъи асари бостонӣ Iranian National Heritage[d][2] ва Tentative World Heritage Site[d]
Panoramic view
Одрес شهرستان قزوین، بخش رودبار الموت[2]
Меъёри баргузидагии ЮНЕСКО (ii)[d], (iv)[d], (v)[d], (vi)[d] ва (viii)[d]
Commanded by Ҳасани Саббоҳ, Киё Бузургумед, Muqaddam al-Din Muhammad Mubariz[d] ва Muhammad ibn Buzurg-Ummid[d]
Winter view
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аламут (форсӣ: قلعه الموت‎; аз лаҳҷаи дайламии алуҳ — уқоб ва омут — омӯхт, яъне уқоб омӯхт) — қалъаи бузурги мустаҳкам ва ноҳияе ба ҳамин ном дар Дайламони ноҳияи Рӯдбор. Қалъа дар Дайламон дар масофаи 35 км дар тарафи шимолӣ шарқии Қазвин дар ноҳияи Рӯдбор ҷой гирифтааст. Рӯдбор аз номи дарёи Шоҳрӯд, ки аз байни он мегузарад, гирифта шудааст.

Харобаҳои қалъаи Аламут (соли 2006)

Ин минтақа маркази анъанавии ҳокимони ҷустонии Дайлам буда, яке аз онҳо ин қалъаро тақрибан соли 860 сохтааст. Сипас ин ноҳия ва қалъа таҳти итоати мусофириён ва то фатҳи исмоилиён дар дасти алавиён буд. Бино ба ривояте гӯё яке аз ҳукмронони Дайламро уқобе дар бунёди ин қалъа роҳ намудааст ва аз ин рӯ онро Аламут номидаанд, ки ваҷҳи тасмияаш низ аз ҳамин ҷост. Қалъаро, ки дар болои кӯҳи баланд (1827 м аз сатҳи баҳр) пеш аз оғозшавии қаторкӯҳҳои Ҳавдигон, дар кӯҳҳои Албурзи марказӣ бино ёфтааст, дараи ҳосилхез бо кӯҳҳо аз чор тараф иҳота кардаанд. Даромадгоҳ ба қалъа фақат ба воситаи пайраҳаи танг, сарнишеб, печ дар печ аз тарафи қисми шимолии кӯҳи Аламут имконпазир буд. Дар ҷануби қалъа сарнишебие вуҷуд дорад ва дар интиҳои он хандақе ба дарозии 50 м ва арзи 7 м дида мешавад, ки аз давраи исмоилиён боқӣ мондааст. Девори шарқӣ 20 м дарозӣ дорад. Аслан қалъа ба ду бахш тақсим мешавад: бахши ғарбӣ «Пайлоқалъа» ва бахши шарқӣ «Пиёзқалъа». Аз девори ҷанубӣ ва ғарбии ин қалъа осори каме боқӣ мондааст. Мутобиқи маълумоти Ҷувайнӣ қалъа биноҳои устуворе дош тааст. Маводи сохтмонии қалъа аз санг, хишти ниҳоят мустаҳками пухтаи ранги сафеду сурх ва кошӣ иборат будааст. Истеҳкомоти қалъа, ки бархе аз боқимондаҳояшон ҳанӯз ҳам пойбарҷоянд, дар даврони Ҳасани Саббоҳ бунёдгузорӣ шудаанд. Қалъа воқеан ҳам фатҳнашаванда ва амалан ҳеч гоҳ ба воситаи қудрати низомӣ ишғол нагардидааст. Солҳои 1087—1088 Ҳасани Саббоҳ, ки дар маъхазҳо ба унвони Бобо Сайидино низ ёд мешавад, ҳамин қалъаи дастнораси фатҳнопазирро аз байни чандин қалъаҳои кӯҳии Рӯдбору ҳаволии он, ки бештар аз 50 адад буданд (Ҳамдуллоҳи Муставфӣ, «Нузҳат»), аз қабили Ламасар, Маймундиж, Боғдашт, Зуворак, Отон беҳтарин пойгоҳи худ интихоб кард. 4 сентябри 1090 Ҳасан махфӣ ба қалъа ворид шуда чанд муддат бо номи Деҳхудо дар қалъа зиндагӣ кард. Ин замон қалъа дар дасти яке аз алавиёни Ҳусайнӣ — Маҳдӣ буд, ки аз султон Маликшоҳ (аз ҳокимони Табаршоҳ) ба мерос гирифта буд. Ҳасан ба Маҳдӣ иҷозат дод, ки қалъаро бо хушӣ тарк кунад. Ҳасан пас аз ба даст даровардани қалъа ба таъмири он пардохт; истеҳкомҳои онро мустаҳкамтар ва манбаъҳои таъмини об ва хӯроквориро густариш дод: ҳамчунин низоми обёрӣ ва кишти ғалладонаро Ҳасан дар водии Аламут созмон дода, дарахтони бис ёреро (аксар мевадор) шинонд. Гирифта шудани қалъаи Аламут дар соли 1090 аз таъсиси самараноки давлати Низориён ва оғози марҳалаи нави фаъолияти исмоилиёни Эрон, ки то ин дам пинҳонӣ амал мекарданд ва дар сатр қарор доштанд, хабар дод. Минбаъд даъвати исмоилӣ дар Эрон сиёсати нави шӯриши ошкоро ба муқобили Салҷуқиёнро пеш гирифт ва фатҳи Аламут пирӯзии аввалин буд. Низориён ҳам акнун давлати мустақили худро таъсис доданд. Сарзамини парокандаи ин давлат асосан дар ду минтақаи Эрон — Рӯдбору навоҳии васеи Кӯҳистон ва ҳамчунин дар қисмати ҷанубии Ҷабали Баҳрои Сурия ҷойгир буданд ва пойтахти ин давлат, ки дар он ҷо пешво ва роҳбари эронии ҷамоати низорӣ иқомат дошт, Аламут буд. Пас аз он ки Ҳасан мавқеи худро дар Аламут мустаҳкам намуд, омиён ва доъиёнро ба нуқоти мухталиф бо мақсади паҳн кардани даъват фиристод. Минбаъд ба Аламут мутавотир Салҷуқиён бо сарварии амир Юрунтош ҳуҷум мекарданд. Пас аз чанде Маликшоҳ соли 1092 бо маслиҳати вазираш Низомулмулк лашкаре ба муқобили исмоилиёни Рӯдбор ва Кӯҳистон равон кард. Лашкар бо сарфармондеҳии Арслонтош ба Аламут омада онро муҳосира кард, аммо бо як шабохуни аламутиён шикаст хӯрд, вале ҳуҷумҳо то ба қатл расидани Низомулмулк ва фавти Маликшоҳ. ҳамоно дар дигар минтақаҳо давом доштанд.

Саранҷом дар давраи роҳбарии Рукнуддини Хуршоҳ (Хайршоҳ) зимни гуфтушуниде байни Хуршоҳ ва хони муғул — Ҳалоку, ки Ҷувайнӣ Атомалик танзимгари шартҳои таслим буд, рӯзи якшанбеи шавволи 654 мутобиқ ба 19 ноябри 1256 Рукнуддин Хуршоҳ бо гурӯҳи бузургон, аз ҷумла Насируддини Тусӣ, Хоҷа Асилуддини Зузанӣ, Муайядуддин аз қалъа ба зер омада таслими Ҳалоку шуданд ва ӯ фармон дод қалъаро аввал таҷассусу тафаҳҳус карда, баъд оташ зананд. Низориён дар Аламут солноманависон доштанд ва дар он уламои бузурге аз қабили муаррихи машҳур Насируддини Тусӣ (Китоби машҳури «Ахлоқи Носирӣ»-и дар Аламут навишта шуда ба Носируддин Абдурраҳмон ибни Абумансур (вафот 1257), ки донишманд, мӯҳташим ва пешвои низориёни Кӯҳистон буд, бахшида шудааст), нуҷумшиносон ва дигар фаъолият доштанд. Ҳамчунин Аламут китобхонаи бузурге дошт. Ҷувайнӣ зикр мекунад, ки чӣ гуна бо иҷозати Ҳалоку (пас аз фатҳ) китобхонаи исмоилии Аламутро, ки ҳанӯз дар давраи Ҳасан таъсис ёфта буд, бозрасӣ карда, аз он ҷо китобҳои бисёреро барои худ интихоб намуд ва дигар китобҳоро, ки ба андешаи ӯ бидъатӣ буданд, фармон дод ба дами оташ кашанд. Ҳамчунин аз Аламут асбобу олоти фаровони расадӣ низ ба даст омада будааст ва Аламут ҳамчунин зарробхонаҳо дошта, ки тангаҳои динор сикка мезаданд. Фармондеҳи муғул дар Хуросон Утеки-Чина бо амри Мангухон — хони муғул пас аз суқути Аламут низориёни Кӯҳистонро бо баҳонаи ҳашар ҷамъ карда ҳазорҳо нафарашонро аз дами теғ гузаронд (Ҷувайнӣ, «Таърихи ҷаҳонкушо»). Ҳалоку низориёни Эронро аз байн бурда ба амалӣ кардани мақсади дуюми худ — нобуд кардани хилофати Аббосиён пардохт. Пас аз ин Аламут нақши таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию мазҳабии худро аз даст дода, дар асри Сафавиён ба зиндони устувори шоҳзодагони сафавӣ табдил ёфт.

  • Ҷувайнӣ, Таърихи ҷаҳонкушо, Т., 1958;
  • Строева Л. В., Рашидуддин как источник по истории исмаилитов Аламута, Л., 1965;
  • Ибни Баттута, Сафарномаи Баттута, Т., 1958;
  • Додихудоев Х., Философия крестянского бунта. Д., 1987;
  • Ф. Дафтарӣ, Исмоилиён таърих ва ақоид, тарҷ. Абдусалом Мамадназар, М., 1999;
  • Донишномаи Сомониён, ҷ. 2, Х., 2008.