Ҳасани Саббоҳ
ар. الحسن الصبّاح[1] | |
| |
1081 — 1090 | |
Пешгузашта | Абдулмалик ибни Аттош[d] |
Ҷонишин | Аҳмад ибни Абдулмалик[d] |
4 сентябр 1090 — 12 июн 1124 | |
Ҷонишин | Киё Бузургумед |
|
|
Таваллуд |
1037[2][3][1] |
Даргузашт |
12 июн 1124[2][1] |
Мадфан | |
Ном ҳангоми таваллуд | ар. الحَسن بن عَلي بن مُحمد الحِميري |
Таҳсилот | |
Фаъолият | илми калом, фиқҳ, шариат, herbalism[d], ахтаршиносӣ, фалсафа ва улуми ғариба[d] |
Эътиқод | шиъаи дувоздаҳимомӣ[5][3][6] ва Nizari Isma'ilism[d][2][5][7] |
Набардҳо | |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳасани Саббоҳ (форсӣ: حسن صباح) ё Ҳасан ас-Саббоҳ (ар. الحسن بن الصباح الحميري; 1037[2][3][1], Қум, Салҷуқиён[2] — 12 июн 1124[2][1], Аламут, Давлати Исмоилия[d][2]) — бунёнгузори давлати Исмоилёни Аламут дар фалоти Эрон ва ҳуҷҷатимому доъии бузурги мазҳаби Исмоилияи низорӣ. Аз Марко Поло вай дар Ғарб ҳамчун «Пири кӯҳистон» маъруф аст.[8]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Ҷаъфар ибни Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни ал-Саббоҳ ибни Ҳимёрӣ[9] дар Қум дар оилаи шиъаи 12 имомӣ таваллуд шудааст. Падараш Алӣ ибни Муҳаммад ибни Ҷаъфар ибни Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Саббоҳ эроние аз мардуми Куфа буд, вале насаби яманӣ иддао мекард ва аз Саводи Куфа ба шаҳри анъанавии шиъаёни Эрон-Қум кӯчидааст. Баъд аз он хонаводаи Ҳасан ба шаҳри Рай наздики Қум кӯчид ва дар инҷо Ҳасани ҷавон маълумоти ибтидоии мазҳабӣ (шиъаи исноъашарӣ) гирифтааст. Маҳз дар Рай, маркази фаъолияти исмоилӣ, дере нагузашта дар синни ҳабдаҳсолагӣ Ҳасанро ба ақоиди исмоилӣ шахсе бо номи Амира Дарроб, яке аз ҳафт мубалиғони маҳаллии исмоилӣ, шинос намуд. То ин замон Ҳасан ақоиди исмоилияро фалсафаи фосид мешуморид ва ҷоиз намедонист, ки ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шавад. Аммо пас аз хондани баъзе китобҳои исмоилӣ ва гирифтани дарсҳои мунтазам аз Амира Дарроб ва мубаллиғони дигари Рай, Ҳасан ба ҳаққонияти Исмол ибни Ҷаъфар ва ҷонишинони ӯ эътиқод пайдо кард ва ба даъвати исмоилияи фотимӣ гаравид. Ҳамин тавр ӯ вориди кеши исмоилия гардид ва аҳди байъат ба Мустансир, ки ӯро акнун имоми барҳаққи замон мешуморид, қабул кард. Моҳи рамазони соли 464/май-июни соли 1072 Ҳасан ба исмоилия гаравида диққати доъӣ Ибни Атошро ба худ ҷалб кард, ки дар он замон сафари Рай дошт. Ибни Атош истеъдоди Ҳасанро қадр карда, ӯро ба мақоме дар созмони даъват таъйин кард. Дар айни ҳол Ибни Атош Ҳасанро барои ба Қоҳира рафтан ҳидоят намуд, эҳтимол барои минбаъд такмили таълимаш, мисли он ки се даҳсола пештар Носири Хусрав карда буд. Аммо пеш аз он ки Ҳасан тавонист азми сафар ба пойгоҳи даъвати фотимӣ кунад, чанд сол мебоист бигзарад.
Сафар ба Миср
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъд аз муддате Ҳасан аз Рай ба Исфаҳон, маркази даъват дар Эрон, кӯчид. Баъдан, дар соли 469/1076-1077, вақте ки Муаййад доъии кулл дар Қоҳира буд, Ҳасани Саббоҳ бо иҷозат ва кумаки Ибни Аттош аз исфаҳон ба Миср омад. Нахуст ӯ ба тарафи шимол, ба Озорбойҷон ва баъд ба Майофориқин рафт. Дар инҷо ӯ дар баҳсҳои динӣ иштирок кард ва ҳаққонияти қудрати уламои сунниро инкор кард ва таъвил ва тафсири динро ҳуқуқи хосаи имомшумурд. Бо амри қозӣ ӯро аз шаҳр ронданд. Пас Ҳасан роҳи Мавасил ва Димишқро пеш гирифт. Дар Сурия ӯ дарёфт ки роҳи хушкӣ ба Миср аз сабаби амалиёти ҳарбии Атси, ки ба муқобили Фотимиён шӯриш бардошта буд, баста шудааст. Аз ҳамин сабаб Ҳасан маҷбур шуд ба воситаи Бейрут, Сидон, Тир, Акра ва Қайсирия ба соҳил баргашта ба тарафи миср шино кунад. Ӯ моҳи сафари соли 471/августи 1078 ба Қоҳира расид ва бузургони фотимӣ ӯро истиқбол гирифтанд. Қариб ҳеч чиз дар бораи таҷрибаи ҳаёти ӯ дар Мисри фотимӣ, ки дар ин ҷо ӯ се сол, аввал дар Қоҳира ва сипас дар Искандария гузаронидааст маълум нест. Аммо ӯ Мустансирро надид. Мувофиқи манбаъҳои низории баъдӣ, ки Ҷувайнӣ ва Рашидуддин истифода бурдаанд, Ҳасан ҳангоме ки дар Миср сукунат дошт, ҳасади марди қудратманд-вазир Бадрулҷамолиро барангехта буд, ки сабаби он низориёнро пуштибонӣ кардани Ҳасани Саббоҳ буд. Аз рӯи ривояти баъдтари муфассали дигаре, ки онро ҳамчун Ибни Асир иқтибос овардааст, Мунтасир шахсан ба Ҳасан ошкор сохтааст, ки ҷонишини ӯ Низор хоҳад шуд. Ба ҳар тақдир, чунин ба назар мерасад, ки Ҳасан саранҷом Мисрро тарк карда ба Шимоли Африқо фиристода шудааст. Киштие, ки дар он Ҳасан шино мекард, ба фалокат дучор шуд, аммо ӯро наҷот дода ба Сурия оварданд.
Бозгашт ба Эрон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар роҳи бозгашт Ҳасан ба воситаи Ҳалаб, Бағдод ва Хузистон сафар карда, ниҳоят моҳи зулҳиҷҷаи соли 473/июни соли 1081 ба Исфаҳон расид. Дар муддати 9 соли дигар, чунончики аз порчаҳои зиндагиномааш бармеояд, ки Ҳасани Саббоҳ дар хидмати даъват мусофиратҳои зиёде дар Эрон кард. Нахуст ӯ ба Кирмон ва Язд рафт ва дар онҷо чанд муддат исмоилияро таблиғ кард. Сипас, ӯ пеш аз ба Домғон рафтан ва се солро дар онҷо сипарӣ намудан, се моҳро дар Хузистон гузаронд. Тадриҷан Ҳасан мушкилоти ба даст овардани муваффақият дар қисматҳои марказӣ ва ғарбии мамлакат-маркази давлати Салҷуқиёнро пай бурд. Акнун ӯ диққати худро ба вилояти соҳили баҳри Каспий ва кӯҳсорони шимоли Эрон, асосан ба ноҳияи Дайлам, ки маркази шиъаёни зайдӣ буд, на фақат дур аз дастрасии Салҷуқиён, балки дар он ҷо даъвати фотимӣ низ нуфуз ёфта буд. Ҳасан фаҳмид, ки исмоилиёни Эрон дар муборизаи худ ба муқобили Салҷуқиён наметавонандба мисриён такя кунанд ва аз ҳамин сабаб исёни бузургеро ба нақша гирифта буд ва барои таъсиси қароргоҳи худ маконе меҷуст. Дар он замон даъвати Эрон ҳанӯз пурра зери фармони абдумалик ибни Аттош буд. Чунин ба назар мерасид, кидар соли 480/1087-1088 Ҳасан қалъаи дастнорас ва дурдасти Аламут дар Дайламро беҳтарин пойгоҳи имконпазири шӯриши худ интихоб кард. Аз қароргоҳи аввалияи худ дар Домғон ва сипас аз Шаҳриёркӯҳ дар Мозандарон ӯ чанд нафар доъиён, аз ҷумла Исмоили Қазвинӣ, Муҳаммад Ҷамол Розӣ ва Қиё Абулқосим Лоринҷиро ба минтақаҳои мухталиф дар гирду атрофи Аламут, бо мақсади ба кеши исмоилӣ гаравондани аҳолии маҳаллӣ фиристод. Ҳасан, ки саранҷом доъии Дайлам таъйин шуда буд, акнун дар воқеъ ба даъвати исмоилӣ дар Эрон нерӯи тоза бахшид. Фаъолияти ӯ диққати Низомулмулкро ба худ ҷалб карда натавонист ва ӯ аз ин рӯ ба Абумуслим, ҳокими Рай ва домодаш барои ба ҳабс гирифтани Ҳасани Саббоҳ фармон дода буд. Бояд қайд кард, ки Абумуслим баъдтар дар соли 488/1095 аз тарафи як исмоилии Эрон ба қатл расонда шуд. Ба ҳар ҳол, ба Ҳасан муяссар шуд пинҳон шавад ва пас аз бодиққат кашидани нақшаи забти Аламут, дар вақти муйян ба Дайлам кӯчид. Ба мақсади аз чашмони маъмурони Рай пинҳон мондан ӯ тавассути пайраҳаҳои кӯҳӣ ба Қазвин омад ва чанд шабро дар онҷо гузаронд.
Замоне, ки Ҳасан ба Қазвин расид, қалъаи Аламут дар дасти шахсе бо номи Маҳдӣ аз алавиёни Ҳусайнӣ буд, ки онро аз султон Маликшоҳ мерос гирифта буд. Вай аз авлоди Ҳасан ибни Алӣ Утруш (ф.304/917), яке аз ҳокимони алавиёни Табаристон ва имоми зайдӣ, маъруф бо номи Носир лил-ҳаққ аст, ки ҷамоати алоҳидаи зайдии носирияро дар минтақаи баҳри Каспий таъсис дода буд. Баъзе аз сипоҳиёни Маҳдӣ аллакай аз тарафи мубаллиғи исмоилӣ Ҳасан, хусусан Ҳусайни Қоинӣ, махфиёна ба кеши исмолӣ гаравонида шуда буданд. Дар арафаи рӯзи чоршанбе, шашуми моҳи раҷаби соли 483/ чоруми сентябри соли 1990 Ҳасан махфӣ ба қалъаи Аламутворид шуд. Ӯ чанд муддат дар он ҷо бо номҳои Деҳхудо зиндагӣ кард. Бо мурури замон Маҳдӣ шахсияти Ҳасанро муайян кард ва фаҳмид, ки фиреб хӯрдааст. Аксарияти сипоҳиёни Аламут ва бисёрии сокинони ноҳияҳои гирду атроф ба кеши исмоилия ворид шуда буданд ва Маҳдӣ қудрате надошт, ки мавқеи худро муҳофизат кунад. Ҳасан ба ӯ иҷозат дод, ки қалъаро хушӣ ба хушӣ тарк кунад ва аз рӯи муаррихони Эрон, Ҳасан ба ӯ забонхат барои пардохти 3000 динори тилоӣ ба унвони арзиши қалъа низ дод. Пардохти маблағ ба уҳдаи раис Музаффар, ҳокими ояндаи Гирдкӯҳ ва Домғон гузошта шуд, ки махфӣ ба исмоилия дохил шуда буд. Бо мурури замон ин маблағ тавассути раис Музаффар пардохта шуд.
Пас аз он ки Ҳасани Саббоҳ дар Аламут мавқеи худро мустаҳкам кард, доъиён ва омилонро ба нуқтаҳои мухталиф бо мақсади паҳн кардани даъват, ки пас аз маргаш даъвати ҷадид ном гирифт, фиристод. Аммо мафсади асосии ӯ ба кеши исмоилия гаравонидани боқимондаи Рӯдбор ва ба даст овардани қалъаҳои дигар дар гирду атрофи қароргоҳи худ буд. Маликшоҳ чун дарёфт, ки омилони маҳаллии салҷуқӣ наметавонанд ҷилави хатари исмоилиёнро бигиранд, дар оғози соли 485/1092 (эҳтимол бо маслиҳати вазираш Низомулмулк) қарор дод лашкаре ба муқобили исмоилиёни Рӯдбор ва Кӯҳистон фиристонанд. Лашкаре, ки ба Рӯдбор фиристонда шуда буд, бо сардории амир Арслонтош моҳи ҷамодийулаввали соли 485-ҳиҷрӣ ба Аламут расид. Дар он замон Ҳасани Саббоҳ бо худ фақат фақат ҳафтод нафар бо захираи маҳдуди озуқа дошт. Вақте ки сипоҳиёни салҷуқӣ қалъаро дар муҳосира гирифтанд, Ҳасан аз яке аз доъиёни худ, шахсе бо номи Дидор Абӯалии Ардистонӣ, ки дар Қазвин сукунат доштва дар он ҷо, ҳамчунин дар Толиқон, Рай ва дигар ҷойҳо мардуми бисёрро ба исмоилия гардонда буд, кумак талабид. Доъӣ фавҷе дар ҳудуди сесад нафар ҷамъ кард ва онҳо ба қалъаи Аламут расида маводу захираи заруриро оварданд. Аламутиёни қувватгирифта бо кумаки баъзе гаравидагони исмоилии Рӯдбор охири моҳи шаъбони соли 485/сентябр-октябри соли 1092 ба лашкари Арслонтош шабохун заданд ва Салҷуқиёнро торумор карда маҷбур сохтанд аз Аламут ақиб нишинанд. Қурбонии онҳо вазири қудратманди салҷуқӣ Абӯалӣ Ҳасан Ибни Алии Тусӣ, ки номи фахрии Низомулмулк дошт ва душмани ашаддии Ҳасани Саббоҳ ва исмоилиён буд, гардид. Дувоздаҳуми моҳи рамазони соли 485/ 16 октябри соли 1092 ҳангоме ки Низомулмулк Маликшоҳро ба Бағдод ҳамроҳӣ мекард, дар Саҳна, воқеъ дар ноҳияи Наҳованд, дар ғарби Эрон ба дасти як нафар исмоилии фидоӣ бо ханҷар кушта шуд.кушандаи Низомулмулк, шахсе бо номи Абӯтоҳири Арронӣ, нахустин фидоии исмоилӣ буд, ки ҷони хешро барои хидмат ба даъвати исмоилӣ ба хатар ниҳод.
Солҳои зиндагии минбаъдаи Ҳасани Саббоҳ пас аз соли 511/1118 асосан дар оромӣ гузаштанд ва ба таҳкими давлати низорӣ, ки барои таъсиси он бештар аз ҳама худи ӯ заҳмат мекашид, бахшида шуда буданд.Ҳасан, ки акнун пешвои марказии ҷамоати низорӣ шуда ҳамчун унвони доъии Дайламро ҳифз карда буд, баъзе қалъаҳоеро, ки Шергир дар Рӯдбор забт карда буд, аз нав ба даст овард ва ҳатто фаъолияти даъватро дар бисёр минтақаҳо ба мисли Ироқ, Озорбойҷон, Мозандарон, Гелон ва Хуросон пурзӯртар кард. Манбаъҳои мавҷуда муваффақиятҳои Низориёнро дар ин давра ва даҳсолаҳои минбаъда ба таҳаммули Санҷар ба Низориён нисбат додаанд. Дар воқеъчунин ба назар мерасад, ки Санҷар хоҳони муносибатҳои дӯстона бо Низориён буд ва гуфта мешавад, ки гӯё ин амр натиҷае ханҷаре аст, ки бо дасти Ҳасани Саббоҳ зиракона дар канори бистари султон дар замин хобонда шуда буд.Ҷувайнӣ ҳамчунин ривоят мекунад, ки дар китобхонаи Низориён дар Аламут чанд маншур (фармон)-Санҷарро дидааст, ки дар онҳо султон Низориёнро оштӣ медод ва хоҳони дӯстии онҳо буд.
Ҳасани Саббоҳ дар аввали моҳи рабеъ-ул-сонии соли 518/майи соли 1124 бемор шуд. Чун эҳсос мекард поёни умраш наздик аст, барои роҳбарии оянда ҷамоати низорӣ чораҳои дақиқ дид. Ӯ ноиби худ Киё Бузургумедро ба Ламасар даъват кард ва ӯро ҷонишинихуд бо унвони доъии Дайлам ва пешвои ҷамоати Низориён таъйин кард. Дар айни ҳол Ҳасан се тан аз бузургони барҷастаи низориро, ки онҳоро метавон шӯрои мушовирон номид, муайян сохта ба Бузург Умед дар умури давлат ва ҷомеаи низорӣ, ҳамчунин амри даъват кумак расонанд. Мадад бояд то замоне идома ёбад, ки имом худ ҳозир шавад. Ин мушовирон аз Дидор Абӯалӣ Ардистонӣ, доъии озмуда ва таҷрибадор, ки боре Ҳасанро дар вазътияти мушкил дар Аламут наҷот дода буд, Ҳасан Одам Қасронӣ ва Киё Бо Ҷаъфар-сарфармондеҳи қувваҳои низорӣ, ки дар соли 519/1124даргузашта буд, иборат буданд. Кори даъватӣ ба доъӣ Абӯалӣ вогузошта шуд. Ҳасани Саббоҳ дар охири моҳи рабеъ-ус-сонии соли 518 миёнаи июни соли 1124, дар синни пиронсолӣ даргузаштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 2. — С. 193.
- ↑ 2.00 2.01 2.02 2.03 2.04 2.05 2.06 2.07 2.08 2.09 Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. Ashtiany — USA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
- ↑ 3.0 3.1 3.2 https://web.archive.org/web/20240516003231/https://www.aljazeera.net/encyclopedia/2024/3/16/%D8%AD%D8%B3%D9%86-%D8%A7%D9%84%D8%B5%D8%A8%D8%A7%D8%AD-%D8%B2%D8%B9%D9%8A%D9%85-%D8%B7%D8%A7%D8%A6%D9%81%D8%A9-%D8%A7%D9%84%D8%AD%D8%B4%D8%A7%D8%B4%D9%8A%D9%86
- ↑ https://web.archive.org/web/20230626223545/https://www.hindawi.org/books/37942742/13/
- ↑ 5.0 5.1 حسن ح. إ. عبيد الله المهدي إمام الشيعة الإسماعيلية ومؤسس الدولة الفاطمية في بلاد المغرب (араб.) — القاهرة: دار نهضة مصر للطباعة والنشر والتوزيع, 1947. — С. 154. — 371 с.
- ↑ https://daraj.media/%D8%A7%D9%84%D8%AD%D8%B4%D8%A7%D8%B4%D9%88%D9%86-%D8%A8%D8%B1%D9%88%D8%A7%D9%8A%D8%A9-%D8%A5%D8%B3%D9%85%D8%A7%D8%B9%D9%8A%D9%84%D9%8A-%D8%A5%D9%8A%D8%B1%D8%A7%D9%86-2-%D9%85%D9%86-%D9%87%D9%88/
- ↑ Daftary F. The Isma'ilis: Their History and Doctrines — 2ned, revised — 2007.
- ↑ Wasserman, James (8 August 2017). «A Note to the Reader on the Historical Context». Templar Heresy: A Story of Gnostic Illumination. Destiny Books
- ↑ Daftary, Farhad (2007). The Isma’ilis: Their History and Doctrines (2nd, revised ed.). Cambridge University Press
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони соли 1037
- Даргузаштагони 12 июн
- Даргузаштагони соли 1124
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)