Диктатура

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Диктату́ра (лот. dictatura — ҳокимияти беҳадду ҳудуд) — ҳодисаи фавқулодда дар давлатро номанд, ки бо ин ё он мақсад барои муддати муайян аз принсипҳои демократӣ ва ё нормаҳои ҳуқуқӣ даст мекашад ё чунин принсипу нормаҳо тавассути қувваҳои сиёсӣ барои ноил шудан ба мақсад дағалона вайрон карда мешаванд.

Аз нуқтаи назари сиёсатшиносии академӣ диктатура як шакли амалисозии ҳокимият аст, ки дар он ҳоким ё гурӯҳи ҳоким новобаста аз шакли ҳокимият ва шакли муносибат ба ҳокимият ҳокимияти худро ба таври мустақим ва дастурӣ амалӣ менамояд. .  Истиқлолияти ин шакли амалигардонии ҳокимият аз шакли ҳокимият ва шакли муносибат ба ҳокимият мисоли системаи сиёсиеро, ки дар авҷи инқилоби Фаронса ru:Великая французская революция вуҷуд дошт, равшан нишон медиҳад: шакли ҳокимият Ҷумҳурӣ, шакли муносибат ба хокимият — демократия Мардумсолорӣ, шакли амалй гардондани хокимият Диктатура мебошад.
Фаъолияти режими диктаторӣ аксар вақт бо андешидани чораҳои радикалӣ  ru:Радикальный центризм ё репрессивӣ алайҳи рақибони сиёсӣ ва пахши шадид ё аз байн бурдани он ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ки бо ин ё он шакл ба мавқеъи ин режим мухолифанд, ҳамроҳ мешавад.
Самаранокӣ ва оптималии ин шакли амалисозии ҳокимият аз бисёр омилҳо вобаста аст, аз ҷумла вазъи объективӣ, дарки ҷомеъа дар бораи зарурати ин шакли мушаххаси амалӣ намудани ҳокимият, шакли муносибати байни ҷомеа ва ҳокимият, шакли асосноккунии идеологии ҳокимият.
Дар айни замон диктатура, чун қоида, ба режими ҳокимияти як шахс ё гурӯҳи шахсон (бар хилофи мардум) тааллуқ дорад, ки бо меъёрҳои қонунгузорӣ маҳдуд нашуда ва аз ҷониби ягон институти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ маҳдуд карда нашудааст.  Сарфи назар аз он, ки институтҳои алоҳидаи демократӣ аксар вақт дар чунин диктатураҳо зинда мемонанд (ниг. Демократияи тақлид), таъсири воқеии онҳо ба сиёсат то ҳадди ақал коҳиш меёбад.
Диктотурҳои асри 21
Дар акси мазкур аксҳои сарони кишварҳои пасошӯрави аст. Ва ҳар яке аз онҳо диктотурҳои навини асри 21 мебошанд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Диктатура дар Руми қадим ихтиёроти номаҳдуд, ҳокимият ва ё даврони ҳукумати шоҳӣ (императори) мустабид бо ихтиёроти беҳадду ҳудудро номанд.

Яке аз муҳаққиқони машҳури диктатура файласуф ва ҳуқуқшиноси олмонӣ К. Шмитт қайд карда, ки диктатура ҳама вақт воситае барои ба мақсад ноил шудан мебошад. Зеро моҳиятан он дар ҳама ҳолат танҳо барои натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан равона шудааст ва вобаста ба вазъи бавуҷудомадаи сиёсӣ мебошад. Аксаран диктатураро «ҳукумати авторитарӣ», «сезарӣ», «бонопартизм», «ҳокимияти иҷроияи қавӣ бо дастгоҳи марказӣ ва роҳбарии автократӣ» ва ғ. меноманд. Баъзан онро ба мафҳумҳои «шоҳи мустабид», «ситамкор» айният медиҳанд. Аз рӯи мазмун бо ҳам наздиканд, вале онҳоро ҳамчун муродиф (синоним) истифода бурдан нашояд. Зеро мувофиқи нуқтаи назари дар байни олимон паҳншуда шоҳи мустабид ё худ сардори давлат як нафар мебошад, ҳол он ки диктатура метавонад ҳокимияти беҳадду ҳудуди як нафар (император ё сардори давлат) ва ё як гурӯҳ (мас., диктатураи пролетариат) бошад.

Дар соҳаи сиёсат диктатура гуфта режимеро меноманд, ки қонунҳоеро, ки қаблан давлат қабул кардааст, риоя намекунад. Диктатураро ҳамчун абзор низ истифода мебаранд. Мас., дар ИМА муқобилони ҳокимияти марказӣ ҳар гуна дастури ҳокимияти давлатиро, ки манфиатҳо ё худ қонунҳои дигар штатҳоро вайрон мекунанд, диктатура талаққӣ мешаванд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шмит К. Диктатура, СПб., 2005;
  • Шраус Л. Отираниш. СПб., 2006;
  • Робин К. Страх. История политической идеи. М., 2007.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]