Jump to content

Диктатураи пролетариат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Диктарураи пролетариат — истилоҳест, ки Карл Маркс барои истифодаи давраи гузариш аз капитализм ба коммунизм, ки бояд дар натиҷаи тавассути пролетариат ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба амал бароварда шавад.

Дар охири садаи XIX ва аввали садаи XX марксистони Русия ғояи диктатураи пролетариатро ба ғояи дар байни зиёиёни халиҷӣ маъмулшудаи диктатураи ақаллияти револютсионӣ муқобил гузоштанд. Диктатураи пролетариат ҳамчун истилоҳ дар барномаи РСДРП дар съезди дуюм (1903) дохил шуда буд. Он аз тарафи пролетариат ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсиро ифода мекард, ки ба воситаи он муқобилияти истисморгаронро пахш ва муносибатзои истеҳсолии капиталистиро ба муносибатзои истеҳсолии сотсиалистӣ иваз кунад, ҳамчунин ба синфҳо тақсим шудани ҷамъиятро аз байн барад.

Дар ин ҳол, ба таъбири Г. В. Плеханов диктатураи пролетариат танзо замон ҷомаи амал хоҳад пӯшид, ки синфи коргари ташкилёфта аксари миллатро ташкил дода, ба ғояҳои сотсиал-демократия мусаллаҳ шуда бошад. Ғояи диктатураи пролетариат дар идеологияи болшевикон мавқеи марказӣ пайдо кард ва сотсиал-демократзои чапгаро, бар хилофи гуфтаҳои Г. В. Пеханов, ба дӯши диктатураи пролетариат нақши суръатфизои протсесси револютсионӣ (ҷараёни инқилобӣ)-ро бор карданд ва имконияти инқилоби «перманентӣ»-ро собит карданӣ шуданд (Парвус, Л. Д. Тротский) ё худ сабзида расидани инқилоби буржуазӣ-демократӣ ба «диктатураи револютсионӣ-демократии пролетариат ва деҳқонон»-ро ба унвони марҳилаи васатии байни онзо қаламдод намуданд (В. И. Ленин).

Дар давраи ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) В. И. Ленин ва Н. И. Бухарин арзишҳои либералии давраи ба онҳо муосир ва таҷрибаи институтзои демократии амалкунанда дар давлатҳои Ғарбро нодида гирифтанд. Баъди инқилоби февралии соли 1917 Ленин ва тарафдорони ӯ изҳор намуданд, ки «баргаштан» аз Совети депутатзои коргарон ва солдатҳо ба ҷумҳурии парламентӣ «як қадам ба ақиб» хоҳад буд. Пешомади наздиктарини инқилоб-республикаи Советҳо, худи он-«давлати коммуна»-шакли олии демократия ва дар айни ҳол диктатураи пролетариат мебошад. Демократия ва диктатура бо ҳам созгоранд: давлати нав барои пролетариат ва нодорон (табақаи камбағалони аҳолӣ) бояд демократӣ ва барои истисморгарон диктаторӣ бошад.

В. И. Ленин дар асарҳои солҳои 1918—1920 навиштааш қайд карда буд, ки байни ҳокимияти ягонаи диктаторӣ ва демократияи советӣ зиддият вуҷуд надорад. Зеро ҳазб ва доҳиёни он авангарде мебошанд, ки нерӯи синфи револютсиониро дар худ тасаввуру таҷассум намудаанд ва онҳо метавонанд диктатураи пролетариатро ба амал бароранд.

Системаи советӣ барои ҳамаи дигар мамлакатҳо мувофиқ ва қобили истифода дониста мешуд. Вале арзиши «гарон»-и револютсия ва ҷанги граждании ногузир ба ҳисоб гирифта намешуд ва минбаъд он ба куллӣ муқовимати синфи дороён арзёбӣ мешуд. Бисёр нуктаҳои таълимоти болшевикон дар бораи диктатураи пролетариат тавассути сотсиалистони Ғарб (К. Каутский, Р. Люксенбург ва диг.) ва Русия(Ю. О. Мартов) мавриди иниқод қарор гирифтанд. Онҳо таъкид мекарданд, ки болшевиконро, ки мардуми онро зимни инқилоби февралии соли 1917 ба даст оварда буд, барзам заданд. Дар Россияи советӣ ақаллияти ҳукмрон бештар ба системаи террор даст мезаданд, зеро душманро дар байни аксарият, аз ҷумла афрод, гурӯҳ ва табақаҳои ҷамъиятӣ ҷустуҷӯ мекарданд.

  • Розин Э. Ленинская мифология государства. М., 1996;
  • Медушевский А. Н. Демократия и авторитаризм: Российский конститутционизм в сравнительной перспективе; М., 1998,
  • Твардовская В. А., Итенберг Б. С. Русские и К. Маркс: выбор или судьба? М., 1999,
  • Новопашин Ю. С. Миф о диктатуре пролетариата//Вопросы истории. 2005, № 1.

Шаблон:Марксизм