Дилрабо Мансурӣ
Дилрабо Сайдулло Мансурӣ | |
аз 29 январи 2024 | |
Пешгузашта | Матлубахон Сатториён |
|
|
Таваллуд |
29 январ 1974 (50 сол) |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои техникӣ |
Ҷоизаҳо | дараҷаи 2, (2021) Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010) |
Дилрабо Сайдулло Мансурӣ (29 январи 1974, Хуҷанд) — ходими давлатӣ, омӯзгор, доктори илмҳои техникӣ, профессор (2014), Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020—2024).[1] Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2024).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дилрабо Мансурӣ 29 январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Солҳои 1991—1996 дар Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳсил кардааст.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Дилрабо Мансурӣ оиладор ва соҳиби 3 нафар фарзанд аст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1997 лаборанти калони кафедраи «Ресандагӣ ва иқтисодиёти соҳа»-и Филиали Хуҷандии ДТТ, 1997—2001 ассистенти кафедраи «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии ДТТ, 2001—2005 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии ДТТ, 2005—2008 мудири кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии ДТТ, 2008—2010 дотсенти кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и ДТТ, 2010—2014 муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии ДТТ, 2014—2015 директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ буд.
Солҳои 2015—2020 Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия (даъвати панҷум)[2][3]
Вакилӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз 1 марти соли 2020[4] то 29 январи соли 2024 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум) буд.
Аз 29 январи соли 2024 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тъйин шудааст[5].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2004 рисолаи номзадашро дар мавзӯи «Коркард ва асоснокии бузургиҳои механизми бадандиҳандаи ресмони поёнии мошинҳои чокдӯзии дуресмонаи занҷирмонанд» дар Шӯрои диссертатсионии дар назди Академияи муҳандисӣ ва Пажӯҳишгоҳи мошиншиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва соли 2009 рисолаи докториро дар мавзӯи «Таҳлили кинематикӣ ва динамикии механизмҳои чаҳорбанди фишангдор дар алоқаи чандири олатҳои кории мошинҳои дӯзандагӣ» дар Шӯрои диссертатсионии назди Пажӯҳишгоҳи мошиншиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ҳимоя кардааст.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 140 кори илмӣ, аз он ҷумла: 2 монография, 12 ихтироот, 98 мақола, 20 маърӯзаи мухтасар ва 9 дастури метод мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ордени Шараф дараҷаи 2, (2021)
- Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010)
- Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Умаров
- Медали нуқраи симпозиуми байналмилалии занони ихтироъкор, (Сеул, Кореяи Ҷанубӣ, 2013)[6]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум(тоҷ.). www.parlament.tj. 18 марти 2020 санҷида шуд.
- ↑ Номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. 8 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 апрели 2015.
- ↑ МАНСУРОВА ДИЛРАБО САЙДУЛЛОЕВНА. 23 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 июни 2017.
- ↑ Дилрабо Сайдулло Мансурӣ(тоҷ.). www.parlament.tj. 18 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 марти 2020.
- ↑ Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). АМИТ "Ховар" (29 Январ 2024). 29 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Сомонаи донишкада. 18 Декабри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 апрели 2015.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 29 январ
- Зодагони соли 1974
- Зодагони вилояти Суғд
- Докторони улуми техникӣ
- Дорандагони ордени Шараф
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Ходимони давлатӣ аз рӯи алифбо
- Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазирони Тоҷикистон
- Ходимони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ
- Занҳо-сиёсатмадорон
- Занони Тоҷикистон дар сиёсат
- Ходимони ҷамъиятии Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо