Jump to content

Дини илоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дини илоҳӣ
форсӣ: دین الهی
Таърихи таъсис 1580
Бунёнгузор Акбари I Бузург
Кишвар
Шумораи аъзоҳо 19

Дини илоҳӣ (форсӣ: دین الهی‎), сулҳи кулл, оини акбарӣ — оини илтиқотӣ (синкретӣ)-и Ҷалолуддин Муҳаммад Акбар, ки баёнгари сиёсати ӯ андар масоили динӣ ва иҷтимоӣ буда, бар асоси баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо дар як миллати ягона бунёд ёфта буд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Худи шоҳ Ҷалолуддин Акбар онро «тавҳиди илоҳӣ» меномид. Ӯ тафриқаи мазҳабӣ ва заифшавии миллати воҳидро дар ҷомеаи Ҳинд эҳсос карда, дар фикри наздик сохтани пайравони динҳои ислом ва ҳинду афтод ва бо мақсади эҷоди миллати муштараки ҳиндӣ дар пайи ислоҳот дар зиндагии иҷтимоии мардум шуд. Аз ҷумла: бардоштани ҷизя аз ҳиндуҳо, бекор кардани молиёти боздид аз маконҳои муқаддас, манъи заношӯии пеш аз булуғи комил ва расми сотӣ (сӯзондани занони бева ҳамроҳи ҷасади шавҳаронашон), иҷозат додани издивоҷи бевагони ҳинду, манъи куштани ҳайвонот дар рӯзҳои хос, ғуломгардонии асирони ҷангӣ, истинтоқи ҳамроҳ бо шиканҷа. Бо дастури Ҷалолуддин Акбар донишмандону адибонро аз нуқоти гуногун ба Агра даъват карда, аз афкору осорашон истифода мебурданд; осореро аз забонҳои мухталиф, чун санскрит, арабӣ, туркӣ ва лотинӣ ба форсӣ-тоҷикӣ тарҷума менамуданд. Дар «Ибодатхона», аз як сӯ, пайравони мазҳабҳои гуногуни исломӣ, аз сӯи дигар, муътақидони динҳои мухталиф (ҳиндуия, зардуштия, ҷайния, сикҳия, буддоия, яҳудия, масеҳия) дар шӯрои «Маҷлиси уламо» гирд омада, бо ҳам мунозараву табодули назар мекарданд. Фақеҳони исломӣ, бараҳманҳои ҳиндиву буддоӣ, мӯбадони зардуштӣ, коҳинони чинӣ, попҳои масеҳӣ сари ҳар мавзӯе, ки пешниҳод мешуд, бо ҳам баҳсу мунозара мекарданд, ҳар кас баҳри тасдиқи ақидаи худ ва танқиди ақидаи ҷониби муқобил талошу кӯшишҳои бебокона мекард. Акбар низ дар ин маҷлисҳо ширкат варзида, ҷараёни онҳоро шахсан назорат менамуд. Ӯ дар «Маҷлиси уламо» ба намояндагони тамоми динҳо озодӣ ва баробарҳуқуқии комил дода буд, ки аз ақидаи худ дифоъ намоянд ва ба поймолшавии ҳуқуқи онҳо роҳ намедод. Яке аз ҳадафҳои асосии Акбар ин буд, ки уламои ислом аз таълимоти адёни гуногун, хусусан ҳиндуия, зардуштия, яҳудия ва масеҳия огоҳии комил пайдо намоянд, то дар ақидаи исломии худ росиху устувор бошанд ва бо далелҳои муътамад аз таълимоти эътиқодии худ пуштибонӣ карда тавонанд. Дар маҷлисҳои мазкур на танҳо намояндагони динҳои мухталиф бо ҳам баҳсу мунозара мекарданд, балки уламои мазҳабҳои дохили ислом низ ба радду бадал пардохта, ҳар кадом ҳаққонияти мазҳаби худро исбот карданӣ мешуд. Ба қавли Абдулқодири Бадоунӣ, «уламо ба якдигар теғи забон кашида, дар мақоми танофӣ ва тақобул буданд ва ихтилофи мазоҳиб ба ҷое расид, ки такфир ва тазлили ҳамдигар менамуданд ва кори баҳс аз сунниву шиӣ ва ҳанафиву шофеӣ ва фақеҳу ҳаким гузашта, дар асли усул халал андохтанд». Соли 1579 гурӯҳе аз уламову фақеҳон бо имзои санаде Акбарро муҷтаҳид эълон карданд; ӯ ҳамчун имоми одил шинохта шуда, илова бар иқтидори императорӣ, болотарин мақоми динии кишварро низ соҳиб шуд ва расми хутбаро бунёд ниҳод. Акбар соли 1582 ба ҷои солшумории ҳиҷрӣ «тақвими илоҳӣ» ҷорӣ карда, оғози онро соли ба тахти салтанат нишастани худ (1556) қарор дод. «Тақвими илоҳӣ» ҳамон солшумории шамсӣ буд, ки бо Наврӯз шурӯъ мешуд ва 12 моҳи он бо номҳои форсӣ-тоҷикӣ мутобиқат дошт; ҷашнҳои он низ монанди ҷашнҳои динӣ ва миллии Эрони Бостон буд.

Дини илоҳӣ ниҳоди рӯҳоният ва китоб надошт. Акбар ҳам иддиои раҳбарии динӣ намекард, балки эътиқод дошт, ки ҳақиқати тавҳид ба дин ё фирқаи алоҳида маҳдуд нест ва онро метавон дар ҳамаи адён дарёфт. Абулфазли Алломӣ («Оини акбарӣ») ҷузъиёти расму оини гаравидан ба дини илоҳӣ, истилоҳоти маъмули он, ибодат ва қонунҳои сулуки байни пайравонашро овардааст. Тибқи маълумоти ӯ, дини илоҳӣ фарогири тавсияҳо барои поксозии ахлоқ ва ислоҳи зиндагии иҷтимоӣ аст. Аз ҷумла: розӣ ба ризои Худо будан; эътидол дар корҳо, бартарии хирад бар тақлид, шабзиндадорӣ, мутолааи китобҳои ирфонӣ ва ахлоқӣ, ҳамсуҳбатӣ бо аҳли дил, савганд нахӯрдан ва дашном надодан, фурӯ нишондани хашму ғазаб, машварат дар корҳо, дил набастан ба дунё, ваъдахилофӣ накардан, эҳтироми калонсолон, афву гузашт нисбат ба гунаҳкорон, муқобала накардан бо кешҳои мухталиф ва гиромӣ доштани афроди шоистаи ҳар мазҳаб, эҳтимом ба кишоварзӣ, итоати подшоҳ, масъулияти дақиқи коргузорон.

Аз рӯи маълумоти Бадоунӣ («Мунтахабу-т-таворих»), бархе атрофиёни Акбар пас аз эълони расмии дини илоҳӣ ба мубориза бо суннатҳои исломӣ, шубҳа афкандан дар усулу аҳкоми ислом пардохта, онҳоро тақлид меномиданд ва мардумро ба тарки тақлид мехонданд, ҳатто ваҳй ва нубувватро инкор мекарданд. Онҳо баъзе аҳкомро бекор ва расму оинҳои нав ҷорӣ намуданд, монанди мубоҳ будани саҷда бар Акбар, парастиши Офтоб ҳамчун нишонае аз Худованди холиқ ва барои қадрдонии раҳмати нуру гармо, манъи хӯрдани гӯшти гов, иҷозати хӯрдани гӯштҳое, ки дар ислом хӯрданашон ҳаром аст, манъи хатнаи кӯдакони аз синни 12-сола хурдтар, тарки азон ва намози ҷамоат, ҷоиз шумурдани боданӯшӣ, қимор ва рибо. Дар дини илоҳӣ таъсири таълимоти ҳиндуия, зардуштия (муқаддас доштани Хуршед ва оташ), ислом ва хусусан тасаввуф (назарияҳои ваҳдати вуҷуд, инсони комил, нур ва зулмат) ба назар мерасад. Ба сиёсати дини илоҳӣ баъзе уламо мухолафат намуда, зидди он бархостанд. Чунончи, гурӯҳе ба Акбар номаи эътироз навиштанд, қозӣ Мулло Муҳаммади Яздӣ фатвои ҷиҳод бо подшоҳро содир кард, Аҳмади Сарҳиндӣ рисолаи «Исботу-н-нубувват»-ро дар вокуниш ба вазъи динии Ҳинд навишта, дар «Мактуботи раббонӣ»-аш дар бораи дуршавӣ аз шариат ва ҳамзистии ором бо куффор ҳушдор дод.

Таърихнигорон ба сиёсати динии Акбар ва дини илоҳӣ баҳои мухталиф додаанд: гурӯҳе онро мусбат ва Акбарро бунёдгузори ваҳдати фарҳангиву сиёсӣ дар Ҳинд дониста, гурӯҳи дигар ин навовариро дорои паёмадҳои иҷтимоии манфӣ арзёбӣ кардаанд. Бадоунӣ дини илоҳиро иртидод (баргаштан) аз ислом муаррифӣ кардааст. Баъзе муаллифони ғарбӣ низ, бо такя ба маъхазҳои масеҳӣ, дини илоҳиро ғайриисломӣ донистаанд. Бештари муҳаққиқони ҳиндӣ дини илоҳиро як шакли бидъатомез аз ислом шумурдаанд, ки бо тақозои вазъи сиёсиву иҷтимоии Ҳинд дар аҳди Акбар падид омадааст. Баъзе муҳаққиқони исломӣ низ бунёдгузории дини наверо аз ҷониби Акбар напазируфта, бар асли ислом боқӣ мондани ӯро эътироф кардаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Алимардонов А. «Ибадат-хана» и «мактабхана» и их роль в взаимодействии и синтезе культур народов индийского субконтинента (вторая половина XVI — начало XVII в.). / Изв. АН Республики Таджикистан. № 4 (28), 1992;
  • Саидҷаъфаров О. Вазъи сиёсӣ ва адабии Ҳиндустон дар асрҳои XVI−XVII. Д., 2014.;