Акбари Бузург

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Акбар Абулфатҳ
جلال الدین محمد اکبر
Акбар Абулфатҳ
подшоҳи Ҳиндустон
 
Эътиқод: Ислом ва Din-e Ilahi[d]
Саннаи таваллуд: 15 октябр 1542(1542-10-15)[1] ё 23 ноябр 1542[2]
Марг: 1605(1605)
Маҳалли дафн:
Падар: Humayun[d]
Модар: Hamida Banu Begum[d]
Ҳамсар: Mariam uz-Zamani[d], Ruqaiya Sultan Begum[d] ва Salima Sultan Begum[d]
Фарзандон: Jahangir[d]
Prince Murad[d]
Prince Daniyal[d]


Акбар Абулфатҳ Ҷалолуддин Муҳаммад (урду: جلال الدین اکبر, арабӣ: جلال الدين أبو الفتح محمد أكبر‎, ҳиндӣ: जलालुद्दीन मुहम्मद अकबर), машҳур бо Акба́ри Бузург — сеюмин ва машҳуртарин подшоҳи Ҳиндустон аз силсилаи Темуриёни Ҳинд (Муғулҳои бузурги Ҳинд), арбоби давлат, сарлашкар.

Зиндагинома[вироиш]

Пас аз марги Ҳумоюн (1556) дар 14-солагӣ соҳиби тахту тоҷи давлати Ҳиндустон шуд. Азбаски ӯ ҳанӯз хурдсол буд, корҳои давлатиро то муддате вазираш Байрамхон сомон медод. Пас аз 18-солагӣ (аз соли 1560) Акбар зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифт.

Забткориҳо[вироиш]

Вай дар навбати аввал тавонист муқовимати афғонҳоро рафъ кунад ва минбаъд Ҷайнпур, Гволиур, Аҷмир, Гондвоноро тасхир карда, мулкҳои Читор ва Тантҳамборро ҳам зери итоати худ даровард. Андаке баъдтар навоҳии бойи Роҷистон, Гуҷарот, Бамғол, Кобул, Кашмир, Синд, Дакан, Аҳмаднагарро низ фатҳ кард ва Деҳлию Аграро пойтахти давлатдории Темуриёни Ҳинд қарор дод. Акбар бо давлатҳои ҳамсояи худ, аз қабили Сафавиҳои Эрон робитаи дӯстона барқарор намуд; ҳамчунин бо Убайдуллохон (хони шайбониёни ӯзбек) низ муносибатҳои ҳасана ба даст овард; дар аҳди ӯ байни Темуриёни Ҳинд ва давлатдории Туркияи Усмонӣ дар мавриди хатари муштарак (ҳузури португалиягиҳо дар Уқёнуси Ҳинд ва ноҳияҳои соҳилӣ) паймонҳои ҷиддӣ баста шуданд.

Ҳукумрониҳо[вироиш]

Дар давраи ҳукмрониаш Акбар лашкари низомии савора таъсис дод, ки дар ҷангҳо ва муборизаҳо бо феодалҳои маҳаллӣ ва лашкари бегонагон қувваи асосӣ буд. Ба сипаҳсолорон ба ҷойи замин маоши пулӣ муқаррар намуд, сипоҳро аз нав бо силоҳи навтар ҷиҳозонд. Акбар на танҳо сарлашкари боистеъдод, балки яке аз машҳуртарин ходимони давлатӣ дар таърихи Ҳиндустон буд; ӯ ба аъёну ашрофи Ҳинд такя карда як қатор чораҷӯиҳои давлатӣ доир намуд: аввалан ҳудуди давлатро ба 12 остон (мисли вилоят ё штат-иёлат) тақсим кард, системаи муносиботи арзӣ ва молиро ба низоми муайян даровард – андозаи молиётро мушаххас ва пардохти ҷизяро манъ кард, унсурҳои мухталифи нажодӣ ва қавмиро (эронӣ, турк, афғон, дравид ва ғайра) ба ҳам наздик намуд ва аз байни онҳо табақоти ҷадиди иҷтимоӣ ба номи «мансабдорони мамлакат»-ро ташкил дод. Акбар барои ривоҷу равнақи фарҳангу адаби Ҳиндустон хизматҳои босазоеро анҷом додааст. Акбар ният дошт дар Ҳиндустон эътиқоди умумиеро бо номи «Дини Илоҳӣ» ҷорӣ намояд, ҳарчанд ин дин дар аввалҳо бо унвони «Оини Акбарӣ» маъруф гардид, вале баъди вафоти Акбар он фақат ба мазҳабе табдил ёфту халос. Акбар расму русумоти нахушоянду бад ва манфурро чун «сотӣ» (зинда сӯзондани зан пас аз марги шавҳар), издивоҷи хурдсолон, ғуломдорӣ ва амсоли инҳоро дар саросари кишвар манъ кард. Тибқи маълумоти маъхазҳо Акбар ба илму адаб низ дилбастагӣ доштааст.


Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.