Динори Алҷазоир
| Динори Алҷазоир | |
|---|---|
| ISO 4217: | |
| Кишварҳо: | Алҷазоир |
| Symbol: | د.ج |
Динори Алҷазоир (англ. Аlgerian dinar) — воҳиди пули расмии Алҷазоир. Кодаш; ISO 4217 DZD (012), рамзаш DA.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Масъулияти назорат бар муомилоти он бар уҳдаи Бонки марказии Алҷазоир гузошта шудааст. Як Динор баробари сад сантим аст. То ба даст овардани истиқлол пули расмии Алҷазоир франки Алҷазоир ба ҳисоб мерафт. Соли 1964 баъди соҳибистиқлол шудан Алҷазоир пули миллии худ – Динорро ба муомилот баровард. Айни замон дар муомилот пулҳои коғазии 100, 200, 500, 1000, 2000-динорӣ ва тангаҳои 5, 10, 20, 50-динорӣ қарор доранд. Тангаҳои 1, 2 ва 100-динорӣ дар муомилот камтар ба чашм мерасанд. Пулҳои коғазии бароришашон то соли 1977 аз муомилот бароварда шудаанд. Соли 2011 банкноти 2000-динорӣ ба муомилот бароварда шуд. Ороиши Динори Алҷазоир хеле ҷолиб аст. Дар пушту рӯи он асосан акси ёдгориҳои таърихӣ ва лаҳзаҳое аз ҳаёти рӯзмарраи мардум тасвир шудаанд.
Инҷоро ҳам бингаред
[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Динор / Б. Шафеъ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.