Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Динори Иордания

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Динори Иордания
ISO 4217:JOD (400)
Кишварҳо:Иордания
Symbol:د.ا JD

Динори Иордания, د.ا — воҳиди пули миллии давлати Иордания аст. Ҳар динор аз 100 пиастр иборат мебошад.

Пиастр – номи талер (песо)-и испанӣ буда, аз тангаи нуқ­рагии вазнаш 25 г иборат аст. Худи талери испанӣ баробар ба ҳашт реал аст. Аммо реалро набояд бо риёли маъмулу машҳури Эрон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Шарқи Миёна як донист. Реал, аз калимаи лотинии re­galis аст, ки дар оғоз тангаи нуқрагӣ ва баъдан мисӣ буда, дар Испания (аз нимаи дуюми асри 14), Португалия (аз асри 15) ва баъдан дар Бразилия (дар асри 17) низ истифода мешуд.

Дар тангаҳо ва пулҳои коғазии Урдун сулолаи шоҳони ин кишвар тасвир шудаанд. Пулҳои коғазӣ ва тангаҳо бо ду забон: арабӣ ва англисӣ навиштаҷот доранд.

То соли 1949 дар Урдун фунти фаластинӣ дар муомилот буд. Аз оғози соли 1950 Урдун Динори худро ба муомилот баровард. Айни замон пулҳои 1/2, 1, 5, 10, 20 ва 50-динории барориши солҳои 1996–2002 бидуни маҳду­дият дар ҳамаи нуқтаҳои савдо ва соҳаҳои хидматрасонӣ дар гардиш қарор доранд. Соли 2015 хабар дода шуд, ки пулҳои барориши то соли 2002 тадриҷан аз муомилот хориҷ карда мешаванд. Ин пулҳо андозаи гуногун доранд. Дар рӯи ҳар кадоми онҳо (ба ҷуз аз пули 50-динора, ки бо акси шоҳ Абдуллоҳи II интишор шудааст) тасвири шоҳ Ҳусайн мавҷуд аст.

Пулҳои нави барориши солҳои 2006–08 воситаҳои ҳифозатӣ, аз ҷумла, аломатҳои обгуна, риштаи ҳифозатӣ, тасвири ниҳонӣ, голограмма ва ранги филиззӣ доранд. Асъори Урдун хеле устувор аст, вале хеле кам шудааст ва дар баробари пулҳои роиҷи хориҷӣ рақобат карда наметавонад.