Динори Либиё
| Динори Либиё | |
|---|---|
| ISO 4217: | LYD (434) |
| Кишварҳо: | Либиё |
| Symbol: | ل.د LD |
Динори Либиё, ل.د — воҳиди пули Либиё, ки баробари 1000 дирҳам аст.
То соли 1952, то ба муомилот бароварда шудани фунти либиягӣ дар ин кишвар пулҳои давлатҳои дигар истифода мешуданд. Масалан, дар минтақаи Фетсан франки алҷазоирӣ, дар Триполитан лираи италиягӣ ва лираи низомии фармондеҳии Британия, дар Киранаики фунти мисрӣ дар муомилот қарор доштанд. Динори Либия соли 1971 ба ҷои фунти Либия бе ҳеч тағйирот дар арзишаш ба муомилот ворид шуд. Аз сабаби камбуди буҷет роҳбарияти кишвар ба хотири муътадил сохтани вазъи иқтисодӣ як қатор тадбир андешид. Ноябри 1998 арзиши динори Либия дар баробари як доллари амрикоӣ расман аз 0,38, то ба 0,45 динори Либия муайян гардид. Соли 2008 арзиши як динори Либия хеле поин рафта, баробари 0,7 доллари амрикоӣ шуд. Арзиши динори Либия ба нархи нафт, ки маҳсулоти асосии содиротии Либия мебошад, сахт вобастагӣ дорад. Ҳоло дар Либия пулҳои коғазии чорякдинорӣ, нимдинорӣ, якдинорӣ, панҷдинорӣ, даҳдинорӣ, бистдинорӣ, панҷоҳдинорӣ ва тангаҳои 1, 5, 10, 20, 100, 250, 500-дирҳамӣ дар гардишанд. Дар аксари пулҳои барориши солҳои 1988–2013 акси Муаммар Қаззофӣ тасвир шудааст. Баъди аз сари қудрат рафтани Муаммар Қаззофӣ аз январи 2013 пулҳои коғазии 1, 5, 10, 20-динорӣ бе акси ӯ ба муомилот бароварда шуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Динор / Б. Шафеъ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.