Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Динори Тунис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Динори Тунисия
د.ت
ISO 4217:
Кишварҳо: Тунисия
Symbol: د.ت

Динори Тунисия, د.ت — воҳиди пули мил­лии давлати Тунисия, ки баробари 1000 миллим аст.

Динори Тунис ба муомилот соли 1960 ба ҷои франки Тунис бароварда шудааст. Ҳамон вақт қурби як Динор баробари 1000 франки Тунис буд. Мувофиқи қонунгузории давлати Тунис баровардани арзи миллӣ аз хоки кишвар мамнӯъ аст. Соли 1960 Бонки марказии Тунис ба муомилот пулҳои коғазии 0,5, 1 ва 5-динориро баровард. Соли 1969 пули 10-динорӣ низ ба муомилот бароварда шуд. Охирин силсилаи нимдинорҳо соли 1973, якдинорӣ соли 1980 ба нашр расиданд. Аввалин пулҳои коғазии 20-динорӣ соли 1980 ба муомилот бароварда шуданд. Охирин силсилаи 5-динориҳо соли 1993 чоп шуд. Пулҳои коғазии 30-динорӣ соли 1997 ва 50-динорӣ 25 июли 2009 ба нашр расиданд. Соли 2006 пулҳои коғазии 10-динории голограммадор чоп карда шуданд. Соли 2011 ба муносибати Инқилоби Ёсуманӣ пулҳои коғазии нави 10-динорӣ бароварда шуд. Пулҳои коғазие, ки ба муносибати Инқилоби соли 1987 ба муомилот бароварда шуда буданд, ҳамчун рамзи ҳукумати Бен Алӣ аз муомилот гирифта шуданд. Ҳоло пулҳои коғазии 5, 10, 20, 30, 50-динорӣ ва тангаҳои 5, 10, 20, 50, 100, 200-миллима, 0,5, 1, 2-динорӣ дар муомилот мебошанд. Пулҳои коғазии динори Тунис ороиши ба худ хос доранд. Дар рӯ ва пушти онҳо акси сиёсатмадорон, ёдго­риҳои таърихӣ, биноҳои маъмурии машҳури кишвар тасвир шудаанд. Масалан, дар рӯи пули коғазии 50-динорӣ акси осорхона ва сурати шоири асри 11 Тунис Ибн ар-Рашид ва дар пушти он манзараи яке аз кӯчаҳои пойтахти Тунис тасвир шудааст. Дар Тунис истифодаи пули хориҷӣ дар муомилот мамнӯъ аст. Табодули арзи хориҷӣ, маъмулан, дар нуқтаҳои табодули арзи бонкҳо, дар меҳмонхонаҳо ва фурудгоҳҳо сурат мегирад. Ҳангоми табодули арз ба муштарӣ асноде дода мешавад, ки он дар вақти ба асъори хориҷӣ табдил кардани пули Тунис, ки танҳо дар фуруд­гоҳҳо қабл аз тарк кардани Тунис сурат мегирад, талаб карда мешавад. Банкоматҳо дар тамоми шаҳрҳои бузург ва минтақаҳои туристӣ фаъоланд. Хориҷиёне, ки кортҳои Viza, American Express, Eurocard ва Diners Club доранд, низ метавонанд аз ин банкоматҳо истифода баранд.