Jump to content

Додани ноболиғ таҳти назорат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Додани ноболиғ таҳти назорат — ба назорати падару модарон, васиҳо, мураббиён, маъмурияти муассисаҳои пӯшидаи бачагона додани ноболиғ аз он иборат аст, ки касе аз ҷумлаи шахсони мазкур ба зиммаи худ уҳдадории хаттй мегирад, ки ба назди муфаттиш ва ба суд ҳозир шудани ноболиғ, инчунин рафтори дахлдори ӯро таъмин менамояд. Дар вақти аз падару модарон, васиҳо, мураббиён, роҳбарони муассисаҳои пӯшидаи бачагона барои ба назорати худашон қабул кардан забонхат гирифтан, онҳо аз характери ҷинояте, ки ноболиғ ба он гумонбар ё айбдор карда мешавад ва аз ҷавобгарии худи онҳо дар мавриди вайрон кардани уҳдадории ба зимма гирифтаашон огоҳонида мешаванд. Дар ҳаққи падару модарон, васиҳо, мураббиёне, ки ноболиғ ба назорати онҳо дода шудааст, ҳангоми уҳдадории ба зимма гирифтаашонро вайрон кардан чораҳое, ки дар қисми дуюми моддаи 87 КМҶ пешбинй карда шудаанд, татбиқ карда мешавад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 156