Jump to content

Доиратулмаорифи форсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Се ҷилди Доиратулмаорифи форсӣ

Доиратулмаорифи форсӣ (форсӣ: دایرةالمعارف فارسی‎) — донишномаи сеҷил­дие, ки ба ибтикори муассисаи интишоротии Фронклин бо сарпарастии Ғуломҳусайни Мусоҳиб ва бо мушоракати гурӯҳе аз муаллифон ва веросто­рон ба забони форсӣ ва дар Эрон тадвин шуда. Он бо равиши донишно­манигории муосир тадвин гардида, аз нахустин ва чомеътарин донишнома­ҳои умумӣ ба забони форсӣ аст ва имрӯз аз марҷаъҳои поя дар ин замина ба шумор меравад.

Манобеи донишнома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1335 шамсӣ (соли 1955 милодӣ) муассисаи интишротии Фронклин воқеъ дар Теҳрон бо роҳбарии Хумоюн Санъатизода тасмим ба таҳия ва тарҷимаи форсии Доиратулмаорифи якҷилдии Колумбия Войкинг (чопи Нью-йорк) гирифт ва сарпарастии ин корро ба Ғуломҳусайни Мусоҳиб вогузор намуд. Вай пас аз баррасии Доиратулмаорифи амрикоӣ тарҷимаи комили онро ҷавобгӯӣ ниёзҳои ҷомеаи эронӣ ва порсизабонон надонист ва тарҳи наве пешниҳод кард, ки бар асоси он беш аз 10 000 мақолаи тоза дар бораи ҷанбаҳои мухталифи таърих ва фарҳанги Ирон ва ислом таълиф шуд ва шуморе аз мақолаҳои Донишномаи Ислом низ айнан тарҷима ва дар он ҷой дода шуданд. Дар шиносномаи Доиратулмаорифи форсӣ ин кор талоши муштараки Теҳрон ва Ню-йорк муаррифӣ шудааст.

Нашри донишнома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷилди аввали Доиратулмаорифи форсӣ аз ҳарфи алиф то син-ро дар бар гирифта, ба соли 1345 шамсӣ (соли 1965 милодӣ) мунташир гардид. Соли 1350 шамсӣ (соли 1970 милодӣ) вақте қисмати бузурге аз мақолаҳои ҷилди дуюм то ҳарфи айн ҳуруфчинӣ ва омодаи чоп мешуд, Ғуломҳусани Мусоҳиб аз вазифаи сарпарастии он канора гирифт ва сарпарастии Доиратулмаорифи форсӣ аз он ба баъд ба Ризо Ақсо вогузор гардид ва бахши аввали ҷилди дуюм аз ҳарфи шин то ҳарфи лом соли 1356 шамсӣ (соли 1976 милодӣ) ба чоп расид ва бахши дуюми ҷилди дуюми он бо порае ислоҳот ва таҷдиди назар соли 1374 шамсӣ (соли 1994 милодӣ) нашр шуд. Итмоми комили Доиратулмаорифи форсӣ дар умум ба муддати наздик ба 40 сол тӯл кашид.

Аз оғози кор қавоиди дақиқ ва меъёрҳои мушахаасе барои интихоби мадхалҳо ва ҳаҷми онҳо, танзими мақолаҳо, муодилгузории истилоҳот, тар­зи сабт ва овонигории номҳо ва истилоҳоти хос, сабти аломатҳои ихтисорӣ, ирҷоъҳо (ҳаволаҳо), расмулхатти форсӣ ва аломатҳои нуқтагузорӣ дар Доиратулмаорифи форсӣ вазъ шуд ва дар саросари он риоя гардид. Ин гуна равишмандӣ дар до­нишноманигории форсӣ бесобиқо буд ва мин баъд барои таҳиякунандагони осори марҷаъ ба забони форсӣ сармашқ қарор гирифт.

Доиратулмаорифи форсӣ шомили муқаддиммаи муфассалест, ки дар он усул, равиши кор ва тарзи истифода аз донишнома бо тафсил тавзеҳ дода шудааст. ба тавр иумумӣ дар он 43 000 мадхал дарҷ гардида, ки 23 00 мадхали он хориҷӣ, 11 00 мадхал дар бораи Ирон ва Ислом ва бақияи мадхалҳо ирҷоъӣ ҳастанд. мадхалҳои хориҷӣ аслан тарҷима ва иқтибос ва мадхалҳои марбут ба Ирон ва Ислом таълифӣ ҳастанд.

  • Доиратулмаъорифи форсӣ. Ҷилди аввал, Дебоча. Навиштаи Ғуломҳусайни Мусоҳиб