Jump to content

Домпизишкӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Домпизишкӣ (форсӣ: دامپزشکی‎), байторӣ, ветеринария (аз лот. veterinarius) — соҳаи илм, ки сохти организми ҳайвонот, сабабу аломат ва ташхису муолиҷаи касалиҳои онҳо, инчунин роҳҳои сермаҳсул гардондани чорворо меомӯзад. Байторӣ мансуби илмҳои биологӣ буда, дар рушду инкишофи он аз дастовардҳои тиб, физика, кимиё ва диг. илмҳо истифода мешавад. Байторӣ анатомия ва физиологияи ҳайвонот, гистология, микробиология, паразитология, вирусология, фармакология, токсикология, ҷарроҳӣ, зоогигиена, иммунология, эпизоотология ва ғ-ро дар бар мегирад. Вазифаи асосии байторӣ мубориза бар зидди касалиҳои сироятию ғайрисироятӣ, киҷҷавӣ ва протозойӣ, аз ангезандаву ноқилони касалӣ тоза кардани муҳити атроф ва дарёфти усулҳои нави мубориза бо онҳо мебошад.

Байторӣ таърихи қадим дошта, аввалин маълумоти хаттӣ оид ба муолиҷаи ҳайвонот ба ҳазораи 4 то м. рост меояд. Дар Мисри Қадим дар қатори диг. илмҳо байториро низ меомӯхтанд. Байторӣ дар кишварҳои водии д-ҳои Даҷла ва Фурот низ тараққӣ карда буд. Оид ба муолиҷаи баъзе касалиҳои ҳайвонот дар Ведаҳо ва Авесто маълумот мавҷуд аст. Бархе аз касалиҳои ҳайвонотро нависандаҳои румӣ Варрон, Колумелла (асри 1), Вегетсий (а. 4) қайд кардаанд. Дар Рум касби табиби ҳайвонот мавҷуд буд. Аспҳои касал ва маҷрӯҳи аскарон дар лазаретҳо (беморхонаи қисмҳои ҳарбӣ) табобат карда мешуданд. Дар Юнони Қадим табиби асп липпиатр ном дошт. Дар садаи X муаллифи номаълум осори бисёреро оид ба байторӣ ҷамъоварӣ карда, бо номи «Гиппиатрика» ба шакли китоби алоҳида даровардааст. Асрҳои миёна дар мамолики Аврупои Ғарбӣ тоун, перипневмонияи чорвои калон, оқсил ва диг. касалиҳо авҷ гирифта, ба чорводорӣ хисороти зиёд меоварданд. Муолиҷаи ҳайвонот асосан шуғли подабонҳо, оҳангарҳо ва човандозҳо буд. Дар мамлакатҳои Араб ҳунари байторӣ нисбатан хуб ривоҷ дошт. Дар давраи Эҳё, замоне, ки ба осори классикии қадим майлу рағбат афзуд, китобҳои марбут ба байтории муаллифони румӣ ва юнонӣ ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ тарҷума шуданд. Ба пешрафти байторӣ хосса дастовардҳои анатомия таъсири калон расонданд. Соли 1564 олими итолиёӣ Фиаски дар бораи наъл кардани аспон китобе таълиф намуд. Соли 1573 китоби «Анатомияи муқоисавӣ»-и олими фаронсавӣ Контре интишор ёфт. Соли 1598 олими итолиёӣ Руини оид ба анатомия ва касалиҳои аспон асаре таълиф кард.

Дар асрҳои миёна инкишофи байторӣ нисбатан суст шуда бошад ҳам, афзудани талабот ба маҳсулоти чорводорӣ барои тайёр кардани байторҳо заминаи мусоид фароҳам овард. Соли 1761 мирохур (шталмейстер)-и фаронсавӣ К. Буржела дар шаҳри Лион аввалин мактаби байториро таъсис дод. Минбаъд чунин таълимгоҳҳо дар Алфоре (1765), Копенгаген (1773), Вена (1775), Дрезден (1776), Ганновер (1778), Будапешт (1787, Берлин ва Мюнхен (1790), Мадрид (1793) низ ифтитоҳ шуданд. Аз ибтидои садаи XIX ангезандаи бисёр касалиҳои ангалӣ (паразитӣ) ва сироятӣ ошкор гардиданд. Конгресси 1-уми байналмилалӣ (Гамбург, 1863) ва конференсияи байналмилалии байторӣ (Вена, 1872) ба пешгирии касалиҳои тоун ва илтиҳоби шуши чорво бахшида шуда буданд.

Байторӣ дар Россия асрҳои 10-13 ба вуҷуд омадааст. Ба ташхису табобати аспҳо байторҳои худомӯз ва аспбонҳо машғул буданд. Асрҳои 16-17 аввалин маълумоти хаттӣ доир ба байторӣ арзи вуҷуд карданд. Соли 1715 бо фармони Пётри I мактаби байтории аспҳо (дар Маскав, Петербург ва Лубан) таъсис дода шуданд. Минбаъд бо фаъолияти олимони соҳа Я. К. Кайданов, В. И. Всеволодов, И. И. Рович ва дигар байторони рус дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат ёфт. Байторӣ хосса дар давраи шӯравӣ ривоҷу равнақ дошт. К-зу с-зҳо ва корхонаҳои калони давлативу кооперативӣ бунёд гардиданд. Умури байтории шӯравӣ ҳалли масоили зеринро дар бар мегирифт: пешгирӣ кардан ва барҳам додани касалиҳои ҳайвонот, аз ҷумла парандаҳо, ҷонварони мӯинадор, моҳиҳо, занбӯри асал ва ғайра; андешидани тадбирҳои зиёд намудани маҳсули чорво ва парандаҳо; муҳофизати аҳолӣ аз касалиҳои умумии одаму ҳайвонот. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз солҳои 20-30 садаи XX касалиҳои тоун, илтиҳоби шуши чорво, нағзаки бузу гӯсфанд, камхунӣ, энсефаломиелит ва лимфангити сироятии асп, сӯхтанӣ ва тоуни хуку парандаҳо қариб барҳам хӯрда буданд. Дар пешрафти В.-и шӯравӣ олимон К. И. Скрябин, С. Н. Вишелевский, И. М. Куческо, А. А. Марков ва диг. саҳми назар-рас гузоштанд.

Байтории тоҷикон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Байтории тоҷикон аз ҷумлаи илмҳои қадимист. Мардуми ориёитабор дар робита ба байторӣ асарҳои зиёде таълиф намуда, дар боби пешгирию муолиҷаи касалиҳои чорво, хусусан асп, хеле комёб гаштаанд. Дар боби шинохтани асп ва муолиҷаи иллати аспон «Одобу-л-ҳарб ва-ш-шуҷоъа» ном асари Муборакшоҳ маълумоти хеле ҷолиб медиҳад. Асар садаи XII таълиф шудааст. Мас., муаллиф навиштааст: «Бидон вафқа-л-Лоҳ, ки асп шинохтан илме шариф аст, чун касе аспро нашиносад, ӯро аз ҷумлаи нодонон шуморанд. Шинохти асп бояд ва шинохти дандони ӯ ва хуҷастагӣ ва иллату айби ӯ дар дандонҳо ва нишонҳо, ки онро бувад, то ба ҳама чизҳо доно ва имом бошад. Ва дар ин китоб ҳама ёфт шавад ва асп аз асп тафовут кунад сахт. Бисёр асп мехаранд ба сад динор, ки ба даҳ ҳазор динор биарзад». Як бахши махсуси китоб ба касалиҳои асп бахшида шудааст. Чунончи, муаллиф оид ба баланд шудани ҳарор. аспон менависад: «Асперо, ки таб гирад, нишон он аст, ки дамаш гирад ва бинӣ паҳн боз кунад ва сар фуруд дорад ва паҳлу бизанад ва дами бинӣ гарм бошад. Илоҷаш он аст, ки як рӯз беалаф доранд, дигар рӯз се ман об ва ду ман мавизи сиёҳ ва бодрӯ ва гашниз ва шоҳтара аз ҳар яке як даста андар дег биҷӯшонанд, то он об ба як ман боз ояд, пас биполоянд, дар даҳани сутур (ҳайвон) резанд, некӯ шавад». Ё худ дар бораи чашмдард чунин маълумот овардааст: «Аспе, ки аз чашмаш об равад ва бемор бувад, нишон он аст, ки чашм кушода дорад ва андак моя рим аз бинии ӯ меояд ва об аз чашм ҳаме равад ва алаф некӯ нахӯрад. Илоҷ он бувад, ки равғани хуг даҳ сер ва намак як мушт андаромезад ва андар бинии асп резад ва зарчӯба ва ҳуқаи сирка андар тӯбра кунад ва дар сари асп кашад як нимрӯз, то об аз бинӣ фуруд орад ва дуруст шавад». Яке аз чунин китобҳои дигар «Солутари аспон» мебошад. Асар аз 50 боб иборат буда, ба забони санскритӣ таълиф ва дар аҳди шоҳи Ҳинд Шоҳиҷаҳон (ҳукмр. 1628—1657) ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума шудааст. Муаллиф дар китоб дар баробари шароит ва тарзи нигоҳубини асп, хислатҳои неку бад ва зотҳои беҳтарини аспҳо, инчунин дар бораи касалиҳо, муолиҷа ва пешгирии онҳо низ маълумоти муфассал медиҳад. Дар садаи XVI дар Ҳиндустон аз ҷониби муаллифи номаълум ба забони форсӣ-тоҷикӣ «Фараснома» ном рисола таълиф шудааст, ки роҷеъ ба касалиҳои аспон, ташхис ва сабабҳои пайдоиши онҳо баҳс мекунад. Рисолаи мазкурро «Шифонома» низ меноманд. Ба ҳамин монанд «Фараснома»-и дигаре низ вуҷуд дорад. Муаллифи китоб номаълум буда, он дар садаи XVII навишта шудааст. Тамоми бобҳои китоб аломатҳои касалӣ ва тарзу усулҳои муолиҷаи онҳоро дар бар мегиранд.

Байторӣ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин мутахассисони соҳаи байторӣ солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ омаданд. Соли 1929 дар назди Комиссариати халқии зироат шуъбаи байторӣ ташкил шуд. Худи ҳамон сол нахустин озмоишгоҳи байторӣ ва соли 1931 озмоишгоҳи таҳқиқи ашёи чармгарӣ ба фаъолият пардохтанд. 11 сент. 1935 дар шаҳри Сталинобод техникуми зооветеринарӣ (бо шуъбаҳои байторӣ ва зоотехникӣ) кушода шуд. Соли 1943 дар заминаи озмоишгоҳи ҷумҳуриявии байторӣ Бунгоҳи таҷрибавии таҳқиқоти илмии байторӣ (баъдан ба Институти таҳқиқоти илмии байторӣ табдил дода шуд) таъсис ёфт. Бо мақсади тайёр кардани мутахассисони маълумоти олидор бо қарори КМ ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон соли 1963 дар назди факултети зоотехникии Институти кишоварзии Тоҷикистон шуъбаи байторӣ кушода шуд, ки он соли 1965 ба факултети байторӣ мубаддал гашт. Олимони тоҷик дар кори мубориза зидди касалиҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, таҳқиқи қонуниятҳои умумии пайдоиши сил, брутселлёз ва лейкози чорвои калону мурғон, гелминтозҳои ҳайвонот ва парандаҳо, ошкор намудани манбаъҳои табиии касалиҳои сироятӣ ва ангалии ҳайвоноту одам ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд. Масъалаҳои эпизоотологияи касалиҳо, биологияи ангезандаҳо, қисирмонии ҳайвонот ва сабабҳои касалиҳои ҷавонаҳо низ мавзӯи таҳқиқи мутахассисон мебошанд. Олимони тоҷик усули пешгирии касалии хламидиоз — исқоти гӯсфанд, буз, хук-ро дарёфт намуда, дар кори барҳам додани пулорози мурғон, паратифи мурғобӣ ва пастереллёзи парандагон дар фермаҳои мурғпарварӣ саҳми арзанда гудоштаанд.

Соли 1990 дар Тоҷикистон 45 бунгоҳ, 49 табобатхона, 222 қитъа, 2 озмоишгоҳи ҷумҳуриявӣ, 4 озмоишгоҳи вилоятӣ, 16 озмоишгоҳи ноҳиявӣ фаъолият дошт. Феълан дар ҷумҳурӣ 24 маркази ташхис, 135 ассотсиатсияҳои хусусӣ ва 131 дорухонаҳои байторӣ, инчунин 2150 нафар байтор кор мекунанд (2012). Фаъолияти кормандони соҳаи байториро Хадамоти назорати давлатии байторӣ танзим менамояд. Ба сохтори хадамот Маркази назорати давлатии маводи байторӣ, Раёсати назорати давлатии байторӣ дар сарҳадди давлатӣ ва нақлиёт, дастаи махсуси карантинии милитсияи ВКД ҶТ, Маркази миллии ташхиси байторӣ, Маркази ҷумҳуриявии пешгирии касалиҳои чорво ва ғ. дохил мешаванд. Дар тараққии байтории ҷумҳурӣ саҳми Пустовой И. Ф., Мустақимов Р. Г., Авесаломов И. С., Белкин байторӣ Л., Мансурова М. У., Ҳасанов Н. Ҳ., Бадалов Э. Т., Сатторӣ И., Мирзоев Д., Амирбеков М. ва диг. калон аст.

  • Кувшинов А. Ф. Ветеринарная служба в Таджикистане // Ветеринария, № 8, 1967;
  • Гинзбург А. Г., Иванов А. Д. Организация ветеринарного дела. М., 1970;
  • Авесаломов И. С. Касалиҳои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва ваҳшии Тоҷикистон. Д., 1973;
  • Пустовой И. С. Развитие ветеринарной науки в Советском Таджикистане // Тр. Всесоюзного института экспериментальной ветеринарии. Т. 41. М., 1973;
  • Шаболов А. Таърихи ветеринарии Тоҷикистон. Д., 2003;
  • Сатторӣ И., Сатторов Н. Р. Эпизоотология ва касалиҳои сироятӣ бо санитарияи ветеринарӣ. Д., 2007;
  • Саттори И., Турдиев Ш., Муминов А. Диагностика, профилактика и ликвидации бруцеллёза сельскохозяйственных животных в Республике Таджикистан. Д., 2007;
  • Сатторӣ И., Ҳасанов Н. Р. Эпизоотология ва касалиҳои сироятӣ бо санитарияи ветеринарӣ. Д., 2008;
  • Сафаров Г., Сатторӣ И., Ҳасанов Н. Дорушиносии тибби ветеринарӣ. Д., 2008;
  • Сафаров Г. С., Ҳасанов Н. Р., Розиқов Ш. Ш., Раҳимов Ф. Ф. Дорушиносии тибби ветеринарӣ. Д., 2009;
  • Мирзоаҳмадов Ш., Сатторӣ И. (ва диг.). Қобилагӣ, гинекологияи ветеринарӣ ва биотехнологияи афзоиш. Д., 2011.