Jump to content

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

42°52′20″ с. ш. 74°35′39″ в. д.42°52′29″ с. ш. 74°36′44″ в. д.[https://geohack.toolforge.org/geohack.php?language=ru&pagename=%D0%94%D0%BE%D0%BD%D0%B8%D1%88%D0%B3%D0%BE%D2%B3%D0%B8_%D0%9E%D1%81%D0%B8%D1%91%D0%B8_%D0%9C%D0%B0%D1%80%D0%BA%D0%B0%D0%B7%D3%A3&params=42_52_29_N_74_36_44_E_region:KG_ HGЯO H]GЯO
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

(UCA)
Соли таъсисёбӣ 2000
Навъ Донишгоҳи хусусӣ, ғайритиҷоратӣ, тадқиқотӣ
Раис Шамш Кассим-Лакха
Ректор Сайид Суҳайл Ҳусайни Нақвӣ
Бакалавриат 346 (2021)
Омӯзгорон 656 (2021)
Кампус
Сайт ucentralasia.org
 Парвандаҳо дар Викианбор

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (англ. University of Central Asia, кутаҳ. UCA) — донишгоҳи дунявӣ, ғайритиҷоратӣ ва тадқиқотӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Он дар соли 2000-ум дар асоси шартномаи таъсисии байналмилалӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Шабакаи Рушди Оғохон (AKDN) таъсис дода шудааст[1]. Аввалин шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2016 дар Норини Қирғизистон ифтитоҳ ёфт ва шаҳраки дуюм дар Хоруғ, Тоҷикистон (2017)[2][3][4]. Донишгоҳ дорои се мактаб аст: Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ (МИГТД), Мактаби олии рушд (МР) ва Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД). Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ дар ду шаҳраки худ чаҳор барномаи бакалавриро пешниҳод мекунад. Шаҳраки сеюм дар Текелии Қазоқистон ҳоло дар марҳилаи тарҳрезӣ қарор дорад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум таъсис ёфтааст. Кампусҳои он соли 2016 дар шаҳри Норини[5] Қирғизистон ва соли 2018 дар шаҳри Хоруғи[6][7] Тоҷикистон ифтитоҳ шудаанд. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ як муассисаи омӯзишии байналмилалӣ, ғайритиҷоратӣ ва дунявӣ мебошад. Он дар натиҷаи ҳамкории ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дастгирии Оғохон барои рушд (AKDN) бунёд шудааст. Ин донишгоҳ дар ҳар се кишвари муассис кампус дорад ё бунёд кардани онро дар назар гирифтааст[5].

Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дорои барномаи панҷсолаи бакалаврӣ мебошад, аз ҷумла барномаи яксолаи омодасозӣ, ки аз курсҳои байнисоҳавӣ, гуманитарӣ ва ҳатмӣ иборат аст ва баъдан интихоби шаш ихтисосро дар бар мегирад.  Барнома инчунин аз барномаи таълимии таҷрибаомузии истеҳсолии ҳатмӣ иборат аст, ки дар он донишҷӯён таҷрибаомӯзии пулакӣ мегузаронанд.  Донишҷӯён вобаста аз он ки кадом ихтисосро интихоб мекунанд, дар шаҳраки донишҷӯён таҳсил мекунанд ва дорои дараҷаи бакалаври илмҳои гуманитарӣ ва ё бакалаври илмҳои дақиқ мегарданд.

Барномаҳои бакалавриат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барномаҳои бакалавриати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар кампусҳои Норини Қирғизистон (соли 2016 кушода шудааст)[8] ва Хоруғи[9] Тоҷикистон (соли 2017 кушода шудааст) тадрис мешаванд. Сохтмони кампуси сеюми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Текелии Қазоқистон дар ҳоли тарҳрезӣ мебошад.

Кампуси Норин Илми компютерӣ (бакалавриати илмҳои дақиқ) Иртиботот ва ВАО (бакалавриати илмҳои гуманитарӣ)
Кампуси Хоруғ Ҳифзи муҳит ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ (бакалавриати илмҳои дақиқ) Иқтисоди ҷаҳонӣ (бакалавриати илмҳои гуманитарӣ)
Кампуси Текелӣ Муҳандисӣ (бакалавриати илмҳои дақиқ) Тиҷорат ва Мудирият (бакалавриати илмҳои гуманитарӣ)

Ҳар се кампуси донишгоҳ дар шаҳрҳои Норин, Хоруғ ва Текелӣ аз андоза ва мақоми баробар бархурдор буда, дорои синфхонаҳо, китобхонаҳо, озмоишгоҳҳо, хобгоҳҳои бехатар ва иншооти варзишӣ ба монанди майдони футбол ва теннис мебошанд[10]

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) соли 2006 таъсис ёфтааст[11][12]. Ин мактаб дар як фазои муносиб ва роҳат барои ҷавонон ва калонсолон маълумоти давомдор ва миёнаро пешниҳод мекунад, ки барои фаро гирифтани маҳоратҳои касбӣ ва боло бурдани имкони-ятҳои пайдо кардани кор ва эҷоди манбаъи даромад равона шудаанд. ММКД дар доираи 60 барномаву курсҳо дар 12 маркази омӯзишӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон зиёда аз 130 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифтааст[13].

ММКД 15 феврали соли 2020 маросими хатми 160 донишомӯзро дар маркази омӯзишии шаҳри Бохтар баргузор намуд[14].

Мактаби олии рушд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби рушд шомили Донишкадаи сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ[15], Донишкадаи таҳқиқоти манотиқи кӯҳӣ[16] ва Бахши мероси фарҳангӣ ва илмҳои гуманитарӣ мешавад[17]. Ин мактаб аз соли 2011 бештар аз 100 мақолаи илмӣ нашр кардааст, ки дар сомонаи ДОМ ба таври ройгон дастрас мебошанд. Ҳадафи Мактаби рушд эҷоди донишҳои нави дорои аҳамияти амалӣ барои Осиёи Марказӣ аст. Мактаб барномаҳои байни-фанниро пешниҳод мекунад ва як муассисаи омодасозии баъдидипломӣ мебошад[13].

Мактаби олии рушд панҷ бахш дорад:

  1. Донишкадаи сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ
  2. Донишкадаи таҳқиқоти манотиқи кӯҳистон
  3. Бахши мероси фарҳангӣ ва илмҳои гуманитарӣ
  4. Ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва
  5. Барномаи «Инсоншиносӣ»-и Оғохон

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шарикии таълимӣ/ёддошти тафоҳумро бо созмонҳои байналмилалӣ ба имзо расонд:

Шӯрои парасторон

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Sputnik Тоҷикистон. Оқохони IV: ДОМ-қувваест, ки метавонад зиндагии мардумро тағйир диҳад(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20161019T1724+0500). 25 Январ 2023 санҷида шуд.
  2. Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ (ru-RU). 25 Январ 2023 санҷида шуд.
  3. Дар Хоруғ маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор шуд (tj-TJ). Pressa.tj. 25 Январ 2023 санҷида шуд.
  4. Маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 25 Январ 2023 санҷида шуд.
  5. 5.0 5.1 University of Central Asia opens its first campus as part of broad commitment to fostering social and economic development. www.akdn.org. Aga Khan Development Network. 26 феврали 2021 санҷида шуд.
  6. The University of Central Asia opens in Tajikistan (en-US). qazaqtimes.com. 20 Декабри 2022 санҷида шуд.
  7. Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20 Декабри 2022 санҷида шуд.
  8. Education at University of Central Asia: Rigorous and Relevant - Donors.kg. www.donors.kg. 26 феврали 2021 санҷида шуд.
  9. UCA Board Executive Committee Visit Khorog Programmes and Governor of GBAO - University of Central Asia. www.ucentralasia.org. 26 феврали 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  10. University of Central Asia opens its first campus as part of broad commitment to fostering social and economic development | Aga Khan Development Network. www.akdn.org. 26 феврали 2021 санҷида шуд.
  11. School of Professional and Continuing Education - University of Central Asia. ucentralasia.org. 26 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2021.
  12. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ - фурсати муҳим барои ҷавонони афғон - BBC Tajik/Persian(тоҷ.). www.bbc.com. 25 Январ 2023 санҷида шуд.
  13. 13.0 13.1 Донишгоҳи Осиёи Марказӣ. www.ucentralasia.org. University of Central Asia. 26 феврали 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  14. Tajikistan: UCA’s SPCE Bokhtar holds milestone first graduation for 160 students. The Times Of Central Asia (17 феврали 2020). 26 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2021.
  15. Institute of Public Policy and Administration (IPPA) - University of Central Asia. www.ucentralasia.org. 26 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 ноябри 2020.
  16. Mountain Societies Research Institute - University of Central Asia. www.ucentralasia.org. 26 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 апрели 2021.
  17. Cultural Heritage and Humanities Unit - University of Central Asia. www.ucentralasia.org. 26 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 ноябри 2020.