Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
(ДКМТ) | |
---|---|
Номи аслӣ | Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон |
Номи байналмилалӣ | Mining-metallurgy Institute of Tajikistan |
Навъ | давлатӣ |
Ректор | Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ |
Донишҷӯён | 3555 |
Донишҷӯёни хориҷӣ | 250 |
Докторон | 5 |
Омӯзгорон | 157 |
Мавқеъ |
Бӯстон, вилояти Суғд, Тоҷикистон кӯчаи Баротов А |
Сайт | gmit.tj |
Маълумоти мухтасар
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкада соли 2006 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъсис ёфтааст. Сарпарасти донишкада Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишкада мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1737 аз 24 апрели соли 2006 таъсис дода шуда буд ва мавқеи ҷойгиршавии он дар заминаи моддӣ- техникии собиқ Коллеҷи кӯҳию металлургии ш. Чкалов бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.06. таҳти № 210 муайян карда шудааст.
Донишкада фаъолияти худро тибқи Ойинномае, ки ба тариқи расмӣ аз қайди давлатӣ гузаронида шудааст, тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии батанзимдарорандаи соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, махсусан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондааст.[1]
Факултаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарварони донишкада
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ — доктори илмҳои иқтисодӣ (2023), ректори ДКМТ аз соли 2020.[6]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ таърих(тоҷ.). www.gmit.tj. 24 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ Факультети Корҳои кӯҳӣ(тоҷ.). www.gmit.tj. 24 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ Факультети Металлургия(тоҷ.). www.gmit.tj. 24 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ Факультети Электромеханика(тоҷ.). www.gmit.tj. 24 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ Факультети Иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ(тоҷ.). www.gmit.tj. 24 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон(тоҷ.). www.gmit.tj. 24 марти 2024 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |