Jump to content

Доғи Деҳлавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Доғи Деҳлавӣ
Тахаллусҳо: Daagh
Таърихи таваллуд: 25 май 1831(1831-05-25)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 17 март 1905(1905-03-17)[2] (73 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: урду

Иброҳим Доғи Деҳлавӣ (форсӣ: داغ دهلوی‎), мулаққаб ба Наввоб Мирзохон, Фасеҳулмулк ва Булбули Ҳиндустон (25 май 1831[1], Деҳлӣ ё Роҷи Бритониё17 март 1905[2], Ҳайдаробод, Роҷи Бритониё) — шоири форсигӯи Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ёздаҳсолагӣ ба шеъргӯӣ оғоз кардааст. Устодаш шоире бо номи Завқии Деҳлавӣ (фавт 1854) буд. Навиштаҳои ӯро ашхоси шоирпешаву сиёсатмадорони давр — Баҳодуршоҳи Зафар, Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб, Завқии Деҳлавӣ ва дигарон ситудаанд. Дар синни наврасӣ дар маҳфилҳо ва маҷлисҳои адабии дарбори ҳукмрони Ромпур иштирок мекардааст. Дар дарбори ҳукмрони Ҳайдаробод низ хидмат карда, чун шоири хушбаёну борикназар обрӯю эътибор дошт. Мувофиқи маълумоти манбаъҳо ӯ, асосан, ғазалҳои ошиқона мегуфт. Се девон ва маснавиеро бо номи «Фарёди Доғ» ба ӯ нисбат додаанд, аммо ин асарҳояш дастраси муҳаққиқон нагардидаанд. Ашъори парокандааш тавассути тазкираҳо расидааст.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 https://www.rekhta.org/authors/dagh-dehlvi