Имперотурии Бритониё
| Имперотурии Бритониё | |||||||||
| |||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||||
| Гимн[d] | |||||||||
| Пойтахт | Лондон | ||||||||
| Забон(ҳо) | инглисӣ | ||||||||
| Воҳиди пул | Фунт Стерлинг | ||||||||
| Майдон |
| ||||||||
| Аҳолӣ |
| ||||||||
| Шакли ҳукмронӣ | подшоҳии машрута | ||||||||
- Барои рӯйхати пурраи қаламравҳои аз ҷониби Бритониё таҳти идоракунӣ буда, нигаред Барои маълумоти иловагӣ, ба мустамликаҳо ва қаламравҳои вобастаи Бритониё нигаред.
Имперотурии Бритониё (англ. British Empire ) - як империяи мустамликавӣ бо роҳбарии метрополия, бо шумораи зиёдтарини қаламравҳо дар таърихи инсоният, бо колонияҳо дар ҳамаи панҷ қитъаи маскунӣ. Империя то соли 1919 масоҳати калонтаринро соҳиб буд (агар мандат ва минтақаҳои эътимод, ки баъдтар дар идоракунӣ ба даст омадаандро ҳисоб накунем), пас Бритониё бар заминҳое, ки 31,878,965 км² тӯл кашидаанд, ҳукмронӣ мекард (аз он ҷумла тақрибан 8,1 млн. қаламравҳо дар Антарктида, ки онро то ҳол Бритониёи Кабир ва ҳокимиятҳои собиқи он: Австралия ва Зеландияи Нав талаб мекунанд), ки тақрибан 22% заминро ташкил медиҳад. Шумораи умумии аҳолии имперотури тақрибан 480 миллион нафарро ташкил медод (тақрибан аз чор як ҳиссаи инсоният). Маҳз мероси Pax Britannica нақши англисиро ҳамчун забони серистеъмолтарин дар ҷаҳон дар соҳаҳои сиёсат, варзиш, мусиқӣ, нақлиёт, савдо ва ғайра шарҳ медиҳад [1] [2] [3].
Имперотурии Бритониё бузургтарин имперотури дар таърихи инсоният буда, номи он пас аз миёнаҳои солҳои 70 асри XIX маъруф шудааст. Аз соли 1931 расман Иттиҳодияи миллатҳои Британиёи Кабир, пас аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ Иттиҳодияи миллатҳо ва Иттиҳодия номгузорӣ шудааст. Империяи Британиё дар натиҷаи забткории чандинасраи мустамликаҳо: мустамликакунии ҳудуди Амрикои Шимолӣ, Австралия, Зеландияи Нав, ҷазираҳо дар уқёнусҳои Атлантика, Ҳинд ва Ором, тобеъ кардани давлатҳо ё вилоятҳои ҷудогонаи онҳо, забт ва баъдан ҳамроҳ кардани мустамликаҳои давлатҳои дигари аврупоӣ ба мулкҳои Британиёи Кабир ба вуҷуд омадааст. Он дар муборизаи шадид барои ҳукмронӣ дар баҳрҳову мустамликаҳо зидди Испания, Нидерланд, Фаронса ва Олмон ташаккул ёфтааст. Рақобат барои доираи нуфуз дар аксар ноҳияҳои қитъаи Осиё боиси ихтилоф миёни Британиёи Кабир ва Империяи Руссия шуд. Дар раванди ташаккул ва рушди Имперотурии Бритониё идеология (мафкура)-и империявии британӣ ба вуҷуд омад, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Британиёи Кабир нақши амиқи худро гузоштааст. Ташаккули Имперотурии Бритониё ҳанӯз дар миёнаҳои асри 16, ҳангоме ки Англия сиёсати тобеъ кардани Ирландияро пеш гирифт, оғоз шуда буд. Миёнаҳои асри XVII Ирландияба мустамлика табдил дода шуд. Соли 1583 ҷазираи Нюфаундленд аввалин мулке буд, ки мавзеи такягоҳӣ барои забткориҳо гардид. Соли 1588 баъди аз тарафи англисҳо шикаст додани «Армадаи мағлубнашаванда» (флоти бузурги ҳарбӣ) мавқеи Испания ҳамчун давлати пешқадами баҳрӣ заиф гардид ва ба англисҳо имкон шуд, ки дар мубориза барои забти сарзаминҳои нав фаъол бошанд. Ба даст овардани мавқеъ дар Вест-Индия барои Имперотурии Бритониё аҳаммияти аввалиндараҷа дошт, чунки он барои назорат кардани роҳҳои баҳрӣ, ки Испанияро бо дигар мустамликаҳо дар Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ (интиқоли тило ва ғуломон) мепайваст, барои дастрасӣ ба молҳои мустамликавӣ (пахта, шакар, тамоку ва ғайра) ва истеҳсоли мустақими онҳо дар мулкҳои мустамликавӣ имкон дод. Нимаи аввали асри XVII англисҳо ҷаз-ҳои Бермуд, Барбадос, Антигуа, Белиз ва Багамро забт карданд. Ҷазираи Ямайка ва ҷаз-ҳои Кайман солҳои 1670 расман мулкҳои империяи Британия эътироф шуданд. Ҳамзамон, тоҷирони англис мавқеи худро дар Соҳили Тилоии Африқои Ғарбӣ мустаҳкам карданд. Соли 1672 Ширкати шоҳии Африқо таъсис дода шуд, ки як қисми савдои тилло ва ғуломонро ба даст гирифт. Англисҳо дар натиҷаи Ҷанги барои интихоби вориси тахти Испания (1701–1714) ҳуқуқи монополии савдои ғуломонро дар мустамликаҳои Испания ба даст оварданд. Баъди забт кардани Гибралтар (1704) ва ҷазираи Менорка (1708) онҳо мулкҳои соҳили Испанияро зери назорат гирифтанд. То миёнаҳои асри XVIII манфиатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Британиёи Кабир дар доираи «секунҷаи Атлантика» (Британиёи Кабир – Вест-Индия – Африқои Ғарбӣ) барои рушди империяи Британиё, ки аз ҳисоби заиф кардани мавқеи Испания бунёд мешуд, муҳим буданд. Ибтидои асри XVIII империяи Британия Португалия ва мустамликаҳои онро дар Амрикои Ҷанубӣ низ ба худ тобеъ кард.
Бо таъсиси маҳаллаи Ҷеймстаун (1607) ва мустамликаи Вирҷиния англисҳо соҳил ва мулкҳои атрофи Амрикои Шимолиро мустамликаи худ карданд. Амстердами Навро аз ҳолландиҳо (1664) гирифта, Ню-Йорк ном гузоштанд. Ҳамзамон, англисҳо ба Ҳиндустон ворид шуда, соли 1600 тоҷирони англис Ширкати Ост-Индияро таъсис доданд. Соли 1690 ширкат ба бунёди ш. Калкутта оғоз кард. Дар натиҷаи Ҷанги ҳафтсола (1756–63) Британиёи Кабир Фаронсаро аз Ҳиндустон танг карда баровард ва мавқеи онро дар Амрикои Шимолӣ коҳиш дод.
Имперотурии Бритониё дар натиҷаи ҷангҳои озодихоҳӣ дар Амрикои Шимолӣ 13 мустамликаи худро дар Амрикои Шимолӣ (1775–1783) аз даст дод ва ба буҳрони аввалин дучор шуд. Вале пас аз таъсиси ИМА (1783) даҳҳо ҳазор мустамликадорон ба Канада кӯчиданд ва дар он ҷо мавқеи британиҳо устувор шуд. Аз миёнаҳои асри XVIII воридшавии англисҳо ба Зеландияи Нав, Австралия ва ҷазмраҳои уқёнуси Ором авҷ гирифт. Англисҳо миёнаҳои асри XIX Ҳиндустонро пурра тасарруф карда, Непалро зери назорати худ гирифтанд. Баъди якчанд ҷанг тибқи шартномаҳои нобаробар як қатор бандарҳои Хитой барои савдогарони англис кушода ва ҷаз. Сянган (Ҳонконг) ба мулкҳои Британиёи Кабир ҳамроҳ карда шуд. Империяи Британиё ба забти мустамликаҳо дар қитъаи Африқо шурӯъ кард.
Дар замони «тақсимоти мустамликавии ҷаҳон» (чоряки охири асри 19) империяи Британиё Кипр ва Бирмаро забт карда, Миср, Канали Суиз ва Афғонистонро амалан зери ҳимоя (протекторат)-и худ гирифт. Имперотурии Бритониё ҳудудҳои зиёдеро дар Африқои Тропикӣ ва Ҷанубӣ забт кард. Имперотурии Бритониё аз давлат ва мулкҳои гуногуни доминионҳо, мустамликаҳо, протекторатҳо ва ҳудудҳои мандатӣ иборат буд. Соли 1922 ҳудуди имперотурии Бритониё хеле васеъ шуд. Муборизаи мардуми афғон Британиёи Кабирро маҷбур кард, ки соли 1919 истиқлолияти Афғонистонро эътироф кунад. Соли 1922 Миср ва соли 1930 Ироқ расман мустақил шуданд.
Баъди Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар натиҷаи муборизаи шадиди зиддимустамликавии мардум заволи империяи Британия оғоз шуд. Кӯшишҳои бо роҳи ҳарбӣ нигоҳ доштани ҳокимият дар мустамликаҳо натиҷа надод. Соли 1947 Британиёи Кабир иҷборан истиқлолияти мустамликаи калонтарини худ – Ҳиндустонро эътироф кард. Мамлакат аз рӯи нишонаҳои минтақавӣ ва динӣ ба ду қисм ҷудо шуд: Ҳиндустон ва Покистон. Соли 1960 ба саҳифаҳои таърих ҳамчун «Соли Африқо» ворид шудааст, чунки дар ин сол 17 мустамликаи Африқо истиқлолият ба даст оварданд.
Заволи Имперотурии Бритониё маънои онро надошт, ки робитаҳои зичи иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании миёни мулкҳои он, ки тӯли даҳсолаҳо ташаккул ёфта буданд, аз байн раванд. Худи Иттиҳодияи миллатҳои Британиё дар асл тағйир ёфт, аз номи он калимаи «Бритониё» гирифта ва «Иттиҳодия» номида шуд. Дар ибтидои асри XXII Иттиҳодия 53 узв дошт: 2-то дар Аврупо, 13-то дар Амрико, 9-то дар Осиё, 18-то дар Африқо, 11-то дар Австралия ва Уқёнусия.
Таърихи Имперотурии Бритониё то имрӯз дар ҳаёти кишварҳо, аз қабили Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Австралия, Зеландияи Нав, Ҳиндустон, Сингапур, Ирландия, Олмон, Фаронса ва бисёр кишварҳои дигар [4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Империяи Британия // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.