Дуайт Мартин Доналдсон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дуайт Мартин Доналдсон
Таърихи таваллуд 1884[1]
Таърихи даргузашт 1976[1]
Кишвар

Дуайт Мартин Доналдсон (16 декабри 1884, Оҳайо, ИМА11 майи 1976, ҳамон ҷо) — исломшиноси амрикоӣ ва мубаллиғи калисои машоихӣ (Presbyterian). Доктори илоҳиёти коллеҷи «Вашингтон ва Ҷефферсон» (1927).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз хатми ин коллеҷ (1907) се сол дар коллеҷи масеҳии Форман дар Лоҳури Покистон тадрис кард. Сипас ба ИМА бозгашт ва дар мадрасаи олии илоҳиёти Ҳарвард мутолиоти илмҳои диниро идома дод. Соли 1914 ба унвони мубаллиғи калисои машоихии Амрико ба Машҳад рафт ва ба таҳқиқи мазҳаби шиа пардохт. Баъд аз ихроҷи омӯзгорони табширӣ аз Эрон ва миллӣ шудани мадрасаҳои онҳо ба Ҳинд даъват карда шуд, то мудирияти мадрасаи исломшиносии ҳунарии «Ҳенри Мартин» дар Алигарҳро бар уҳда гирад (1940). Соли 1951 ба ИМА бозгашт.

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Доналдсон дар иртибот бо Эрон ва аҳли ташайюъ дар маҷаллаи «Ҷаҳони ислом», ки худ солҳо узви ҳайати таҳририяи он буд, мақолаи зиёде чоп кардааст. Китоби ӯ «Мазҳаби шиа: таърихи ислом дар Эрон ва Ироқ» аз нахустин таълифи ҷомеи ғарбиён дар бораи аҳли ташайюъ дар Эрон ва Ироқ аст, ҳарчанд, ба гуфтаи Сайид Ҳусайни Наср аз ғаразгӯӣ дар бораи ислом холӣ нест. Дар ин китоб нависанда бо баёни масъалаи ҷонишинии паёмбар (с) ба шарҳи муфассали зиндагии ёздаҳ имом ва сипас масъалаи ғайбату зуҳури имоми дувоздаҳум пардохтааст. Шарҳи падид омадани ҳукумати Оли Бувайҳ, васфи маконҳои зиёратии шиа, мазҳабҳо, муаррифии маҷмӯаҳои мутақаддими шиӣ ва мутакаллимони маъруфи шиа, шарҳи таълимоти имомия, аз ҷумла мафҳуми имомат ва баҳси исмати паёмбар (с) ва имомҳо, шарҳи мазҳабҳо, аз қабили бобия ва баҳоия, аз дигар матолиби ин китоб аст. Тарҷумаи арабии ин китоб бо унвони «Ақидату-ш-шиа» дар Қоҳира (1964) ва Бейрут (1990) ба чоп расид. Д. дар китоби «Пажӯҳишҳое дар илми ахлоқи исломӣ» (Лондон, 1953) пас аз муқаддима дар бораи мардуми араби пеш аз ислом батафсил ба таърихи илми ахлоқи исломӣ мепардозад. Ӯ бунёди омӯзишҳои ахлоқиро дар Қуръон ва ҳадисҳо шарҳ дода, ахлоқи фалсафиро назди муътазила, Ихвонуссафо, Форобӣ, Ибни Сино, Шаҳристонӣ ва Яҳё ибни Адӣ баррасӣ кардааст. Доналдсон андешаҳои ахлоқии Ибни Мискавайҳ ва Ғаззолиро батафсил шарҳ дода, аз таълимоти ахлоқӣ ва ирфонии уламову зоҳидони машҳур ва шоирони суфимашраб Аттор, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз сухан гуфтааст. Дар поён, пас аз шарҳи тафсирҳои ахлоқии ҷадид дар ислом, кӯшидааст таълимоти исломӣ ва арзишҳои масеҳиро муқоиса кунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • دانشنامۀ جهان اسلام. جلد 18. تهران، 2013.