Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ғаззолӣ)
Jump to navigation Jump to search
Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ
араб. ар. أبو حامد محمد بن محمد الغزالي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: файласуф, мутакаллим, зиндагиноманавис, илоҳиётшинос
Таърихи таваллуд: 1058[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 декабр 1111
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Миллат: форс
Эътиқод: ислом, суннӣ, шофеъӣ, тасаввуф ва ашъарӣ

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: фалсафаи исломӣ[d], илоҳиёт, тасаввуф, илми калом ва ахлоқи исломӣ[d]
Корфармо:
Ҷойи кор: Сурия[2]
Устодон: Абдулмалики Ҷувайнӣ
Шогирдон: Баҳоуддин Валад ва Абубакр ибни Арабӣ
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд: Commons-logo.svg Викианбор  
Wikidata-logo S.svg Вироиши Викидода

Абӯҳомид Аҳмад ибни Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ (ар. ابو حامد محمد بن محمد الغزالى‎, машҳур ба Муҳаммади Ғаззолӣ; 1058, Тӯс — 19 декабри 1111, Тӯс) — фақеҳ, ҳаким, донишманд, мударриси номии мадрасаи «Низомия», адиби аҳди Салҷуқиён.

Ғаззолӣ дар осораш аз масоили муҳим бадеию зебоишиносии созу овоз, мусиқӣ (самоъ) нуктаҳои ҷолиб ба миён оварда, дар «Эҳё-ул-улум» (бахши ҳафтум, фасли чорум роҷеъ ба овозу созҳои роиҷ дар миёни сӯфиён тавсифоти назарӣ додааст. Зимни ин дар ҳамин боб дифоъ аз самоъу мусиқии орифон матолиби аҷибе баён карда, мавзӯи мусиқиро аз 7 роҳ баррасӣ намуда, нақши муассир доштани мусиқиро дар хондани Қуръон хоса таъкид намудааст.

Ғаззолӣ дар бораи сароишу иҷро ҳадди назарии амиқ гузошта, ҳар асари ҳунарӣ, ашъоре, ки барои иҷро пешниҳод мешавад «ба садои мувофиқу воҷиб андозаи алҳони мавзуни ороста шуда бо-шад». Паҳлӯҳои муҳими ахлоқӣ, бадеию зебоииносии созу овоз дар асли ҳаштуми «Кимиёи саодат» амиқтар ба қалам омада, дар иртибот ба ин мавзӯъ ривоёт, ҳадисҳои зиёдеро пеш оварда, муҳимияти созу овозро дар такмилу солимияти рӯҳи инсонҳо собит намудааст[3].

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Al-Ghazali A. H. 'BRIEF AAN EEN DISCIPEL'
  3. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 53-54 ISBN 978-99947-49-13-3

Адабиёт[вироиш]

  • Муҳаммад Ғаззолӣ. Кимиёи саодат, Тош., 1890;
  • Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377;
  • Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1963;
  • Фарҳанги Амид, Теҳрон, 1966;
  • Вожаномаи мусиқии Эронзамин, Теҳрон, 1375.