Дукаресӣ
Зоҳир
Дукаресӣ, урчуқ — як навъи ресидани ришта аз пахта ва пашм тавассути асбоби чубӣ ва ё фулузӣ, ки дук ном дорад. Ду шакли дук маълум аст: дастӣ ва чархӣ. Дуки дастӣ навъҳои гуногун дорад: ҷавррезӣ, чилик, орчуқ, чалак ва ғайра. Ҷараёни дукаресиро интихоби пашм ва ё пахта, шустан, хушк кардан ва нарм кардани он ташкил медиҳад. Пашм ва ё риштаро дар шакли калоба омода намуда, бо ангуштон нахи маҳин мебофанд ва тавассути дук онро ба чарха (гардиш) дароварда, ресмон (ришта) ҳосил мекунанд. Дар Водии Зарафшон, водии Ҳисор, водии Рашт нимфаъол аст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ершов Н.Н. Ткачество // Таджики Каратегина и Дарваза. Т.1. - Д., 1966.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 114