Jump to content

Дулдул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дулдул (ар. دلدل‎) — номи астари хокистарранг, нахустин хачири мусулмонон, ки ҳокими Искандария Муқавқис онро бо харе бо номи Уфайр ё Яъфур ба пайғамбар (с) ҳадя карда буд.

Пайғамбар (с) дар ғазваҳои зиёде бар Дулдул савор буда­ аст. Дулдул бисёр умр дида, то ба рӯзгори Муовия ибни Абу­суфён зинда будааст ва дар Янбаъ мурдааст. Муҳаммад (с) пеш аз вафоташ онро бо ҳамроҳи зиреҳаш ба Алӣ иб­ни Абитолиб (р) туҳфа кардааст ва ӯ дар ҷангҳои Ҷамал ва Сиффин бар Дулдул савор будааст. Дулдул дар адабиёти форс­тоҷик ҳамчун образи бадеӣ мав­риди истифода қарор гирифтааст:

« Чаҳорум Алӣ – шоҳи Дулдулсавор,
Хирадманд Усмони шабзиндадор.
»