Jump to content

Дутори контрабас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дутори контрабас - сози навихтироъ буда, ҳаҷми садодиҳиаш регистри аз ҳама пастро дар бар мегирад. Дастааш дарози ғафс, косахонааш хеле бузург. Нотааш дар калиди бас ва дар регистри баланд дар калиди тенор сабт шуда, аз навишташ як октава паст садо мебарорад. Чор тор дорад. Торҳояш бо фосилаи кварта ҷӯр мешаванд: тори якум «сол»-и октаваи хурд, тори дуюм «ре»-и октаваи хурд, тори сеюм «ля»-и октаваи калон, тори чорум «ми»-и октаваи калон. Бо мизроби калони аз чарми сахт сохташуда менавозанд. Техникаи навозиш дар дутори контрабас ба сабаби ғафсиву дарозии даста ва васеъ ҷойгир шудани пардаҳо маҳдуд аст. Вазифаи асосии он дар оркестр пурқувват кардани овозҳои баси октаваҳои поёнӣ мебошад. Дар Тоҷикистону Ӯзбекистон маъмул аст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]