Дутори прима

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дутори прима - сози навихтироъ буда, дар байни дуторҳо садои регистри аз ҳама баландро фаро мегирад. Дастааш аз дутори тенор як баробар кӯтоҳ ва косааш андаке доирашакл аст. 24 парда дорад. Нотаҳояш дар калиди скрипка сабт ва ду тораш бо фосилаи кварта ҷӯр мешаванд: тори якум «ля»-и октаваи якум, тори дуюм «ми»-и октаваи якум. Диапазонаш аз нотаи «ми»-и октаваи якум то «ля»-и октаваи сеюмро фаро мегирад. Торҳояш аз капрон тайёр карда мешаванд. Тарзи ангуштгузорӣ ба рубоби прима ва ғижак монанд аст. Дар дутори прима иҷрои фосилаҳои терсия, кварта ва квинта қулай мебошад. Бештар дар ансабли нотавии дуторнавозон дар иҷрои асарҳои бисёровоза истифода мешавад. Баъзан дар оркестр ҳамчун сози якканавозӣ ва ҷӯршаванда ба кор мебаранд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]