Jump to content

Қурбони Қурбониён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қурбони Қурбониён
Қубонов Қурбон Эмомалиевич
Таърихи таваллуд 1952(1952)
Зодгоҳ ноҳияи Данғара ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) мутриб, омӯзгор, композитор
Соз дутор, думбура
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2003)

Қурбони Қурбониён (тав. 1952, н. Данғараи вил. Хатлон) — мутриб, навозандаи (дутор, думбура)-и шинохтаи тоҷик, омӯзгор, композитор, донандаи мусиқии халқии «Фалак». Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2003), профессор (2013).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қурбони Қурбониён соли 1975 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоло Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов), 1982 Консерваторияи давлатии шаҳри Тошкент (устодонаш аз дутор Б. Раҳимҷонов, дирижёрӣ А. Левиев, композитсия С. Бобоев ва Б. Гиенко) ба номи М. Ашрафиро хатм намудааст. Солҳои 1982-1988 омӯзгори шуъбаи халқии (синфи дутор) Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов, 1988-2003 омӯзгори калони кафедраи созҳои халқии ДДСТ ба номи М. Турсунзода ва инчунин Мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ буд. Аз с. 2003 мудири кафедраи иҷрокунандаи анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов (аз с. 2003 дотсент, аз с. 2013 профессор).

Қурбони Қурбониён дар тайёр намудани мутахассисони сози дутор дар ҷумҳурӣ ҳиссагузор аст. Ӯ зиёда аз 50 мутахассиси ин созро тарбия ва ба воя расонидааст, ки аз он ҷумла 10 нафарашон лауреати озмунҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ гардидаанд. Қ. Қ. зиёда аз 50 асар (аз ҷумла «Фантазияи шарқӣ» барои дутор бо фортепиано (1980) ва Консерт барои дутор бо фортепиано (2012) ва ғайра) эҷод намуда, қариб 40 навоҳои халқиро такмил додааст ва зиёда аз 100 суруду навоҳои халқиро ба нота гирифтааст. Қурбони Қурбониён чун навозандаи моҳир дар консертҳо мунтазам баромад мекунад.

Ӯ дар озмуни I-уми ҷумҳуриявии навозандагони созҳои халқӣ (1986) иштирок намуда, лауреат (ҷоизаи якум) гардид. Дар фонди Радиои тоҷик зиёда аз 30 асарро сабт намудааст. Қурбони Қурбониён барои ғанӣ гардонидани репертуари таълимӣ сози дутор саҳмгузор аст. Маҷмӯа ва барномаҳои ӯ аз қабили «Навои дутор» бо ҳаммуаллифии Д. Ёров (1980), «Савти дутор» (1993), «Савти фалак» (2000), «Рози дутор» (2003), «Фалак ва системаи лаҳнии он» (2006), Барнома барои дутор (2000) ва ғ. мисол шуда метавонанд. Ҳамчунин Қурбони Қурбониён муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ-методӣ мебошад, ки дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд. Аз с. 2003 узви ИК Тоҷикистон мебошад.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 203-204. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)