Jump to content

Душанбе Паллаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Душанбе Паллаев
Таърихи таваллуд 27 май 1950(1950-05-27)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 27 сентябр 2017(2017-09-27) (67 сол)
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо

Душанбе Паллаев (27 май 1950, Вер, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон27 сентябр 2017) — овозхони тоҷик, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1991), Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2012)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин хондааст. Ба сифати сароянда дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ кор карда, минбаъд мудири клуби деҳаи Чарсем ва директори Хонаи маданияти ҷамоаи Вери ноҳияи Шуғнон буд. Дар ҳамин ҷо ансамбли «Умед» таъсис дода, дар вилоят ва ҷумҳурӣ созу мусиқии кӯҳистонро муаррифӣ кард. Услубу равияи хоси овозхонӣ дорад. Одаму одамгарӣ, ҷавонмардӣ, дӯстӣ, Ватан, Модар, сулҳу субот, ишқу муҳаббатро тараннум менамояд, баъзе таронаҳои рӯҳбахшро ба оҳанг дароварда мехонад. «Зиндагӣ», «Хоруғи ман», «Тоҷикистон», «Хуш бод», «Бадахшонам», «Дӯстон», «Ҳасрат», «Саногӯи ту бод», «Пайғом» аз беҳтарин таронаҳояш ба шумор мераванд[2].

Душанбе Паллаев субҳи 27 сентябри 2017 бар асари бемории дил даргузашт[3].

  1. Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (6 сентябри 2012). 17 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  3. Душанбе Паллаев даргузашт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (27 сентябри 2017). 17 Январ 2024 санҷида шуд.