Jump to content

Дуэт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дуэт (олм. Duett, лот. duo – ду) – 1. Гурӯҳи (ансамбли) ақалли ҳофизон ё навозандагон иборат аз ду нафар. 2. Асар барои ду иҷрокунанда, ки ҳар кадомеро навозиши (партияи) махсуси ҷудогона таъйин шудааст.

Дуэт дар садаи XVII шакл гирифт ва то охири ин аср маъмул гардид. Вале танҳо дар садаи XVIII Дуэт ҳамчун унсури асосӣ ба таркиби опера дохил гардид. Д.–ҳо метавонанд вокалӣ ва созӣ бошанд. Дуэти вокалӣ дар эҷодиёти композиторони олмонӣ (Р. Шуман ва И. Брамс) садаи XVIII, композиторони рус: Дуэтҳои вокалии «Не искушай меня без нужды»-и М. Глинка, «Ванка-Танка»-и А. Даргомижский, Дуэтҳо аз композиторони рус: Дуэти Герман ва Лиза («О да, миновали страданья…») аз намоиши 6-уми операи «Пиковая дама»-и П. Чайковский, Дуэти Наташа ва Соня («Ручей виющимийся по светлому песку») аз намоиши 1-уми операи «Война и мир»-и С. Прокофев намунае аз онҳоянд. Дуэтҳои созӣ низ дар эҷодиёти композиторон васеъ тасниф шудааст: Дуэт барои скрипка ва фортепианои комп. олмонӣ Ф. Шуберт, Сюита барои ду фортепианои комп. рус С. Рахманинов ва ғ. Як зумра композиторони тоҷик низ ба ин жанр рӯ оварда, Дуэтҳои созӣ ва вокалӣ эҷод намудаанд.

Дуэти созии композитори тоҷик: Фирӯз Баҳор – Дуэтҳо барои ду скрипка, Б. Пиговат – шаш Д. барои скрипка ва виолончел, Ҷ. Рустамова – Дуэти сеқисма («Сӯзи дил», «Саҳнаи идона», «Рақс») барои ду фортепиано, Аъзам Солиев – Дуэти консертӣ барои валторна ва фортепиано, Қудратуллоҳ Яҳёев – Дуэти полифонӣ барои алт ва кларнет ва ғ. Дуэтҳои вокалии композиторони тоҷик: Дуэти Таҳмина ва Рустам аз намоиш дувуми операи «Рустам ва Суҳроб»-и Талабхӯҷа Сатторов, Дуэти Рӯдакӣ ва Нигина аз намоиши чоруми операи «Рӯдакӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов, Дуэти Гулизор ва Нозим аз намоиши сеюми операи «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян, Дуэти Тазарв ва Парасту аз намоиши панҷуми операи «Парасту»-и А. Одинаев ва ғ. намунае аз онҳоянд. ДУЭТИНО – дуэти хурд.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.144-145. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)