Фирӯз Баҳор
Таърихи таваллуд | 19 ноябр 1942 (81 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсози касбии тоҷик |
Сабк | мусиқии килоссик[d] |
Фирӯз Ҳоҷиевич Баҳор (таваллуд 19.11.1942, Душанбе) — оҳангсози касбии тоҷик, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳои Маскав (1967) ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ (1971). Солҳои 1971–1976 муаллими кафедраи назарияи мусиқии ДДСТ ба номи М. Турсунзода, 1976–1990 котиби Раёсати Иттифоқи кинематографистон Тоҷикистон, 1990–1996 муаллими ДДСТ буд. Баҳор дар жанрҳои гуногуни мусиқии муосир (балет, симфония, кантата, хор, достонҳои симфонӣ, консерт барои созҳои мусиқӣ, барои спектаклу кинофилмҳо ва ғайра) асарҳо эҷод кардааст. Эҷодиёти Баҳор рангин буда, дар онҳо таҳлили амиқи ҳодисаҳои зиндагӣ, олами ботинӣ ва рӯҳии инсон ба назар мерасад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Балети «Дувалронии нозанин», симфонияҳои «Бузург» (ба хотираи Ибни Сино), «Достон» (1969), «Мароқанд» (1970) асарҳои беҳтарини Баҳор мебошанд. Достони симфонии «Мароқанд» шуҳрати Баҳорро дар хориҷа афзуд. Асарҳои хурдҳаҷми Баҳор: кантатаҳои «Зери байрақи ту», «Таронаи Октябр», асарҳо барои хор – «Марши озодӣ» (шеъри С. Айнӣ), «Байрақи зафар» (шеъри А. Лоҳутӣ) ва ғ. Муаллифи зиёда аз 50 суруд, инчунин суруду мусиқии спектакл ва кинофилмҳост. Аз соли 1996 дар шаҳри Берлин зиндагӣ ва фаъолият дорад. Соли 1997 дар шаҳри Берлин нахустин консерт аз рӯйи асарҳои Баҳор доир гардид. Солҳои 1998–2009 дар Берлин, Гамбург, Бремен, Коттбус ва дигар шаҳрҳои Олмон аз рӯйи асарҳои Баҳор 29 консерт дода шуд. Солҳои 2001–06 раиси Ҷамъияти Олмон – Тоҷикистон буд ва дар тарғиби мусиқии тоҷикӣ дар хориҷа ҳиссаи бузург гузошт. Солҳои 1997–2007 ҳамроҳи мусиқишинос Э. Гейзер дар шаҳри Берлин клуби мусиқии «Флейтаи афсунгар»-ро ташкил кард. Соли 2008 дар фестивали «Кинои тоҷик дар Фаронса» нахустнамоиши филми «Сирҳои оила»-и реж. В. Аҳадов бо мусиқии Баҳор баргузор гардид.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Январи 2008 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонд. Моҳи марти 2008 барои комёбиҳои эҷодиаш дар с. 2007 бо Мукофоти Иттифоқи композиторони Русия ба номи Шостакович қадр карда шуд. Апрели 2008 дар Конкурси байналмилалии композиторон ба номи С. Прокофев дар шаҳри Санкт-Петербург барои силсилаи 24 сарахбор ва фуга барои фортепиано сазовори ҷоизаи аввал гардид. Асарҳои Баҳор дар бисёр кишварҳои дунё иҷро шудаанд. Дорандаи Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1978).
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳор Фирӯз // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.