Дӯғ
Зоҳир
Таркибот | |
---|---|
Асосӣ | Ҷурғот |
Дӯғ (форсӣ: دوغ) — ҷурғотест, ки равғанаш дар гуппӣ ҷудо карда шудааст.
Дӯғро дар фасли гарми сол чун нӯшокии ташнашикан ва хӯриши таомҳои дигар истеъмол менамоянд. Аз дӯғ чакка ва қурут месозанд. Дӯғ 91 % об, 0,05 — 0,1 % равған, 3 — 3,5 % сафеда, 4 — 5 % қанди шир (малтоза), 8 — 9 % моддаҳои хушк, 0,7 % моддаҳои минералӣ, ферменту витаминҳо дорад.
Агар дӯғро бинӯшанд, ҷӯшиш ва фишори баланди хунро паст мегардонад, боҳи одамони гарммизоҷро ба ҳаракат меоварад, иштиҳоро мекушояд, баданро фарбеҳ мекунад; тафси меъда ва ҷигарро, ки сабабаш гармӣ бошад, басанда мегардонад, ташнагиро таскин медиҳад.