Евгения Рогулина
Таърихи таваллуд: | 24 декабр 1906 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 25 май 1984 (77 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр, бозигари синамо |
Ҷоизаҳо: |
Евгения Ивановна Рогулина (24 декабр 1906, Самара — 25 май 1984, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1962), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1969).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Техникуми ҳунари синамои шаҳри Ленинградро (1928) хатм намуда, дар киностудияи «Межрабпомфилм» нақшҳо бозидааст. Солҳои 1938—1952 актрисаи Театри драмаи русии ба номи А. Пушкин ш. Ашқобод буд. Аз соли 1952 дар Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский кор кардааст. Дар бисёр спектаклҳо, амсоли «Фоҷиаи оптимистӣ», «Мария Трюдор», «Модарандар», «Мария стюарт», «Мартурано», «Андарзи Пани Дулская», «Соати бурҷи Кремл», «Падаратро эҳтиром намо», «Валентин ва Валентина», «Хатои Анна», «Раиси сездаҳум» симоҳои воқеию самимӣ офаридааст. «Модари фарзандони худ», «Навои варшавагӣ» ва чанд намоишномаи дигарро таҳия намудааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 24 декабр
- Зодагони соли 1906
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 25 май
- Даргузаштагони соли 1984
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон