Jump to content

Елена Глазунова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Елена Глазунова
Глазунова Елена Михайловна
Таърихи таваллуд 6 март 1931(1931-03-06) (93 сол)
Фазои илмӣ олим
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия

Глазунова Елена Михайловна (зод. 6 марти 1931, Душанбе) — кимиёдон, доктори илмҳои кимиё (1971), профессор (1974), узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи табиатшиносии УДТ (ҳоло ДМТ; 1953). Лаборант (1953–55), х. и. (1955–62), мудири лабораторияи синтези органикии Институти кимиёи АИ РСС Тоҷикистон (1962–90) буд. Аз соли 1990 дар хориҷи Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарбораи кимиёи спиртҳои сеатомаи қатори атсетилен пажӯҳиш анҷом додааст. Реаксияи сиклоэтерификатсияи глитсеринҳои этилениро кашф кард (ҳамроҳи В. И. Никитин). Елена Глазунова бартарияти истифодаи пайвастҳои гидроксилдори қатори атсетиленро ҳамчун флотореагент нишон дод (ҳамроҳи Л. М. Соложенкин); яке аз спиртҳои қатори винилатсетиленро ба даст овардааст, ки дар Комб. маъдантозакунии Такоб дар истеҳсолот ҷорӣ карда шуд. Доруи «Карбатин», ки Елена Глазунова дар кори таҳияи он ширкат намудааст, дар амалияи тандурустӣ истифода мешавад. «Карбатин» барои муолиҷаи бемории саръ муҳим аст, таъсири номатлуб надорад, боиси хоболудию сардард намешавад. Ба истифодаи ин дору соли 1986 Кумитаи дорусозии Вазорати тандурустии ИҶШС иҷозат додааст. «Карбатин» феълан дар амалияи даҳонпизишкӣ низ корбаст мешавад. Елена Глазунова доир ба рустаниҳои шифобахши баландкӯҳҳои Тоҷикистон, бахусус ангат, дар якҷоӣ бо Институти биологии Помир таҳқиқот анҷом дода, хусусиятҳои биологӣ ва кимиёии 84 навъи онро тавсиф намудааст. Ба ақидаи Елена Глазунова, ноҳияҳои барои парвариши ангат мувофиқи ҷумҳурӣ водии д-ҳои Бартанг, Ванҷ, Шохдара, Ғунд, Панҷ мебошанд. Дар натиҷаи ҳамкории Елена Глазунова бо кормандони Институти биологии Помир коргоҳи таҷрибавие таъсис дода шуд, ки дар он ҷо барои тоза кардани равғани ангат равғани пахтаро истифода мебаранд. Зери роҳбарии Елена Глазунова 11 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Муаллифи зиёда аз 150 кори илмӣ ва дорандаи 30 шаҳодатномаи муаллифӣ.

  • Бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • Ихтироъкори ИҶШС (1975).
  • Медали ба номи С. И. Вавилов (1984).