Елена Гоголева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Елена Гоголева
Elena Gogoleva as Marina Mniszech (1937).jpg
Таърихи таваллуд: 25 март (7 апрел) 1900
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт марг: 15 ноябр 1993(1993-11-15) (93 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша
Солҳои фаъолият аз 1918
Ҷоизаҳо:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Шараф» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШФСР Ҳунарпешаи шоистаи РСФСР Мукофоти сталинӣ Мукофоти сталинӣ Мукофоти сталинӣ
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Еле́на Никола́евна Го́голева (25 март [7 апрел] 1900, Маскав[1]15 ноябр 1993, Маскав) — ҳунарпешаи рус, Артисти халқии ИҶШС (1949), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1918 дар Театри Хурди Маскав кор кардааст, яке аз ҳунарпешагони номдори ин театр буд. Як силсила тимсолҳои драматикию мазҳакавии классикӣ (София, «Дод аз дасти ақл»-и А. С. Грибоедов; Курчина, «Гунаҳкорони бегуноҳ»; Лидия, «Гулҳои бодоварда»; Мурзоветская, «Гургҳову гӯсфандон»; ҳама аз А. Н. Островский; герсогиня Малборо, «Як истакон об»-и Э. Скриба; бону Краули, «Ярмаркаи мағрурон»-и У. Теккер) ва муосир (Горолева, «Барои дар баҳрбудагон»-и Б. А. Лавренёва; Голорова, «Хулқи маскавӣ»-и А. В. Сафронова ва ғ.) офаридааст. Дар чандин нақшҳои романтикию фоҷиавӣ, мисли шоҳдухтар Эболи, хонум Милфорд («Дон Карлос», «Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер), Марина Минишск («Борис Годунов»-и А. С. Пушкин ва ғ.) низ истеъдоди баланди ӯ ҳувайдост. Дар филмҳои «Гобсек» (1937), «Инро набояд фаромӯш кард» (1954) ва ғ. нақш офаридааст. Дорандаи мукофоти давлати ИҶШС (1947, 1948, 1949). Бо ордени Ленин ва чандин ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Гоголева Елена Николаевна // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Лозинская Я. Е. Н. Гогольева. М. — Л.; 1949;
  • Театральная энциклопедия. Т. 2. М., 1963;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2), М., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]