Жило Гулназарзода
Таърихи таваллуд: | 19 сентябр 1972 (50 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Кишвар: | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология[d] (2020) |
Ҷоизаҳо: |
Жило Гулназарзода (Гулназарова, Жило Буриевна[1]; 19 сентябри 1972, деҳаи Боғи Ҳабиб, ноҳияи Муъминобод) — забоншинос, доктори илмҳои филология (2020).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Жило Гулназарзода соли 1994 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаааст.
Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Солҳои 2006—2009 котиби илмии кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ; солҳои 2008—2011 раиси Шӯрои бонувону духтарони факултети филологияи ДМТ; солҳои 2012—2017 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ; аз соли 2018 котиби илмии Шӯрои диссертатсионии назди ДМТ; 2019—2020 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ.
Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Таснифоти маъноии феъл дар „Баҳористон“-и Абдурраҳмони Ҷомӣ» соли 2009 ва рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Семантикаи феъл дар забони адабии тоҷикӣ (Дар намунаи осори бадеии Абдураҳмони Ҷомӣ)» дар соли 2020 ҳимоя кардааст[2].
Муаллифи китобу дастурҳои барномаҳои таълимӣ ва силсилаи зиёди мақолаҳои илмӣ мебошад.
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Барои саҳмгузорӣ дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас соли 2015 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сазовор дониста шуд.
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
- Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ. — Душанбе: Шуҷоиён, 2011. — 168 с. (монография),
- Луғати феълҳои «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ (2014),
- Забони давлатӣ. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 5-уми МТМУ таълимашон ба забони русӣ (бо ҳаммуаллифӣ, 2018),
- Забони давлатӣ. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 5- уми МТМУ таълимашон ба забони қирғизӣ (бо ҳаммуаллифӣ, 2019),
- Забони давлатӣ. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 5-уми МТМУ таълимашон ба забони туркманӣ (бо ҳаммуаллифӣ, 2019).
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Гулназарова Жило Бӯриевна. philol.tnu.tj. 5 май 2021 санҷида шуд.
- ↑ РЕКТОР. ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК. 5 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 май 2021.