Jump to content

Зайд Саидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зайд Саидов
январи соли 2002 — 2007

Таваллуд 20 март 1958(1958-03-20) (66 сол)
Таҳсилот Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

Зайд Саидов (Саидов Зайд Шерович, тав. 20 марти 1958, деҳаи Шодмони ноҳияи Комсомолобод, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатӣ, сиёсатмадор ва соҳибкори тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмони ноҳияи Комсомолобод дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1976 мактаби миёнаи № 5-и ноҳияи Нурободро хатм карда, дар соли 1978 ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1983 бо тахассуси иқтисоддон хатм мекунад.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи августи соли 1983 ба иттиҳодияи «Ритуал» Душанбе, Вазорати хидматрасонии маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иқтисодчӣ ба кор медарояд. Аз моҳи июли соли 1984 то июни 1987 ҳамчун сармуҳандиси иттиҳодия фаъолият мебарад.

Аз июни соли 1987 то августи 1988 сардори комбинати қаннодии Душанбе шуда фаъолият мекунад.

Аз августи соли 1988 то моҳи майи 1991 дар вазифаи сардори истеҳсолоти коркарди санги «Промстройматериалы» кор мекунад.

Аз июни 1991 то марти 1993 ҳамчун директори корхонаи «Лаъл» ва «Промстройматериалы» фаъолият мебарад.

Аз октябри 1993 то июни соли 1999 директори генералии ширкати саҳҳомии пӯшидаи «Халиф» дар шаҳри Москва буд.

Аз июни соли 1999 то январи соли 2002 вазифаи Раиси кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, ва аз январи соли 2002 то соли 2007 — Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2007 то соли 2013 раиси шӯрои анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистон буд.

Зайд Саидов 19 майи соли 2013 соати 03:00 пас аз баргаштанаш аз шаҳри Парижи Фаронса аз трапи хавойпаймо дастгир шуда, аввал ба 26 ва баъдан моҳи декабр ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.