Jump to content

Зайниддин Мусоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зайниддин Мусоев
Зайниддин Мусоев
Таърихи таваллуд 27 феврал 1943(1943-02-27) (81 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ география
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Зайниддин Мусоев (тав. 27.02.1943, деҳаи Навободи ноҳияи Ёвон), географ, номзади илмҳои география (1984), дотсент (1985).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1960– 1965 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил карда, онро бо ихтисоси география хатм кардааст. Солҳои 1965–1966 муаллими мактаби миёнаи № 3 ноҳияи Куйбышев, 1966–1968 афсари Артиши Шӯравӣ, 1968–1996 ассистент, муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи заминшиносӣ ва геология, декани факултети география дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Солҳои 1996–2009 ҳамчун мудири шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, декани факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва муовини аввали ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2009 то ба имрӯз дотсенти кафедраи географияи донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 50 корҳои илмӣ ва илмию методӣ аст, ки дар онҳо масъалаи захираҳо ва ҷобаҷошавии обу пиряхҳои Тоҷикистон ва истифодаи онҳоро мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор додааст. Дар тайёр намудани ҳазорҳо мутахассисони соҳаи география ва омӯзгорӣ саҳми назаррас дорад. Барои хидматҳояш дар соҳаи таълиму тарбия бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1992) сарфароз карда шудааст.

  • Каталог ледников СССР, Ленинград, 1980;
  • Ледники Таджикистана, Д., 1989;
  • Заминшиносии умумӣ, Д., 1998;
  • Корҳои контролӣ оид ба фанни экология, Д., 1999;
  • Заминшиносии умумӣ (дастури таълимӣ), Д., 2010.