Зайтуни Ғижакӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зайтуни Ғижжакӣ)
Зайтуни Ғижжакӣ
Зайтуни Ғижжакӣ
Зодгоҳ ш. Ҳирот
Таърихи даргузашт 1512
Пеша(ҳо) сароянда,навозанда

Зайтуни Ғижжакӣ (Мавлоно Зайтуни Ҳиротӣ; ? — 1512, Ҳирот) — навозанда, мусанниф, шоир ва оҳангсози форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз овони ҷавонӣ ба шеъргӯӣ, ҳунарҳои бадеӣ (хаттотӣ, лавоҳӣ, ҳалкорӣ ва ороиши китоб) шуғл намуд. Қавонини ибтидоии шеъру мусиқиро аз падараш Хоҷа Исои Ҳиротӣ омӯхт. Барои фарогирии комили асосҳои амалию назарии мусиқӣ назди Хоҷа Юсуфи Бурҳон, Исҳоқи Шиҳобӣ, Хоҷа Мавлуди Дуторӣ ва дигарон дониш андӯхт. Дар сознавозӣ камолот (ғижжакнавозӣ) ёфта, дар ҳавзаи ҳунарии Ҳирот номвар шуд. Муддате дар хидмати хон Аҳмади Гелонӣ ба сифати мутриб ва хаттот адои вазифа намуда ва аз ӯ мусиқиро (сознавозӣ, мусаннифӣ) комилтар омӯхт. Барои хон Аҳмади Гелонӣ дар тазмини зарбу усулҳои мақомҳои «Рост», «Наво», «Ушшоқ» дар шаклу анвои мусиқӣ («амал», «савт», «пешрав», «нақш», «кор», «қавл») таснифоти рангине бар ғазалиёти Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ сохтааст. Асарҳои ӯ «Пешрави Рост» (бар усули сақил) «Нақши чӯбон ва рама», «Нақши Рост», «Амали Ҳусайнӣ» ва ғ. дар ҳаёти мадании Ҳирот шуҳрати зиёд доштаанд. Зайтуни Ғижжакӣ шеърро (ғазал, рубоӣ) некӯ мегуфта, девони ашъор мураттаб намудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 72. — ISBN 978-99947-49-13-3.