Jump to content

Замини Франс Иосиф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Замини Франс Иосиф
русӣ: Земля Франца-Иосифа
Нигора
Номида ба шарафи Franz Joseph I of Austria[d]
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Вилояти Архангелск
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Ҷойгир аст дар назди обанбори Уқёнуси яхбастаи шимолӣ
Мавқеият Уқёнуси яхбастаи шимолӣ
Шумораи аҳолӣ
  • 0 тан
Баландӣ аз сатҳи баҳр 620 м
Кошиф Julius von Payer[d] ва Carl Georg Ludwig Wilhelm Weyprecht[d]
Таърихи кашф 1873
Масоҳат
  • 16 134 км²
Тасвири нақшаи мавқеият
Detail map
Ҷуғрофиё geography of Franz Josef Land[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Замини Франс Иосифгалаҷазира дар қисми шимолии б. Баренс, дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ.

Ба н. Примореи вил. Архангелски Федератсияи Руссия дохил мешавад. Масоҳати умумиаш 16134 км2. Галаҷазира одам надорад. 192 ҷазираро дар бар мегирад, ки онҳо ба 3 гурӯҳ тақсим мешаванд: қисми шарқӣ аз дигар ҷазираҳо бо гул. Австрия ҷудо шуда, Замини Вилчек (2 ҳазор км2 ) ва ГреэмБелл (1,7 ҳазор км2 ) ҷазираҳои бузургаш мебошанд; қисми марказӣ дар байни гул. Австрия ва наҳри Британия воқеъ гардида, ҷазираҳои бисёрро дар бар мегирад; қисми ғарбӣ дар ғарби наҳри Британия воқеъ гаштааст, ҷаз. Замини Георг (2,9 ҳазор км2 ), ки ҷазираи калонтарини галаҷазира аст, ба ҳамин гурӯҳ дохил мешавад. Баландии аксарияти ҷазираҳои галаҷаз. З. Ф. И. пуштакӯҳанд. Баландии миёнааш 400–490 м, нуқтаи баландтарини галаҷазира (пиряхи Форбс) 620 м. Қисми зиёди ҷазираҳо аз регсанг, алевролит ва оҳаксанг таркиб ёфта, рӯи онҳоро қабати рухом (базалт) пӯшондааст, ғафсии қабати он 20–30 м мебошад. Аксарияти ҷазираҳо (87%) яхпӯшанд ва ғафсии қабати ях аз 100 то 500 м аст. Иқлимаш арктикӣ. Ҳарорати миёнаи июл то –120 С (ҷаз. Рудолф), дар ҷаз. Гукера то –1,60 С, январ –240 С (ҳарорати пасттарин то –520 С). Бодҳои шадид мевазанд. Миқдори боришоти солона аз 200–300 мм то 500–550 мм. Дар галаҷазира қариб 1000 кӯл (масоҳаташон то 2 км2 , умқашон то 10 м) ва якчанд дарё (дарозиашон 10–15 км) мавҷуданд. Ландшафт (манзара)-и галаҷазира ба минтақаи биёбонҳои арктикӣ хос мебошад. Наботот ва ҳайвоноташ кам аст. Аз рустаниҳо асосан ушнаю гулсанг, лолахасак, беди даштӣ, аз зироатҳо гандум мерӯянд, аз ҳайвонот хирси сафед, рӯбоҳи шимолӣ ва ҳар гуна парандаҳо дучор меоянд. Дар баҳр нерпа, заргӯши баҳрӣ, тюлен, морж, норвал ва делфини қутбӣ (белуха) зиндагӣ мекунанд. Дар ҷаз. Хейс расадхонаи геофизикии ба номи Э. Т. Кренкел ҷойгир аст. З. Ф. И.-ро соли 1873 экспедитсияи Австрияву Маҷористон (Венгрия) кашф ва ба ифтихори императори Австрия Франс Иосифи I номгузорӣ намуд.