Заминшиносии сохторӣ
Заминшиносии сохторӣ — як қисми асосии заминсохт, ки ба омӯзиши шаклҳои қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва бо таъсири ҳаракатҳои тектоникии Замин беҷошавӣ ва вайроншавии қабатҳо, инчунин чиндоршавӣ, тарқишҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ, пастубаландшавии минтақаҳо дар натиҷаи ҳаракатҳои асрии Замин, ҳодисаҳои магматикӣ машғул аст.
Вазифаи асосии заминшиносии сохторӣ ба низоми муайян даровардани шаклҳои зикршуда, аз рӯи қонунҳои якҷо ҷойгиршавӣ дар сатҳи Замин ва дохили умқҳояш мебошад. Заминшиносии сохторӣ барои ҷустуҷӯ ва корҳои иктишофӣ-истеҳсолӣ аҳаммияти бузург дорад, зеро қабатшавии аксарияти канданиҳои фоиданок (нафт, ангишт, филиззот) бо навъҳои муайяни сохторҳо алоқаманд мебошанд. Муродифҳои заминшиносии сохторӣ геотектоникаи тасвирии морфологӣ, морфологияи тектоникӣ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Геологияи сохторӣ / К. Вазиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |