Занбӯр
| Занбӯр | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| Занбӯри асал | ||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||
|
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||
| Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||
|
||||||
| ||||||
Занбӯр (форсӣ: زنبور ; лот. Anthophila) — номи умумии чанд гуна аз ҳашароти нешдор.
Вижагиҳои умумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тақрибан 21 ҳазор гунаи занбӯр маълум аст. Занбӯрҳо дар тамоми қитъаҳои олам ҳастанд. Бештар дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикӣ маскунанд. Аксари занбӯрҳо фоиданок буда, ҳашароти зараррасонро нобуд ва растаниро гардолуд мекунанд. Баъзе занбӯрҳо ба занбӯрпарварӣ зарар меоваранд. Чанд оилаи ҳашароти дигар масалан Vespoidea, Scolioidea, Mutilloidea, Chrysidoidea ва ғайра низ мансуби занбӯрҳоянд.
Ба Vespoidеа (Diploptera) занбӯрҳои чинбол (Vespidae) ва занбӯрҳои гул (Masaridae) дохил мешаванд. Бадани ин гуна занбӯрҳо бемӯй аст (баъзеашон мӯякҳои тор-тор доранд). Онҳо гала-гала зиндагӣ карда, дар замин, дарахт, бино ва ҷойҳои дигар лона месозанд. Ғизои кирминаашон ҳашарот, тортанак, асал ва гарди гул мебошад. занбӯрҳои Scolioidea калон ё миёнаҷусса буда, тану пояшон бо мӯякҳои дурушт пӯшида шудааст. Ғизои занбӯрҳои калон шаҳди гул, ғизои кирминаҳо зочаи гамбусакҳои паҳнмӯйлаб мебошад. Баъзе намуди ин занбӯрҳо (мас. Scoliа manilae Ashm)-ро барои маҳв намудани гамбусаки ҷавзо истифода мебаранд. занбӯрҳои Mutilloidea ба занбӯрҳои Scolioidea ва мӯрчаҳо монанд буда, бештар дар минтақаҳои тропикӣ зиндагӣ мекунанд. Бадани онҳо бо мӯякҳои дароз пӯшида шудааст. Наринаашон болдор, модинаашон бебол буда, неши дарози пурқувват дорад. Дар кирминаи гамбусакҳо, пардаболҳо ва баъзе ҳашароти дигар ангалзистӣ (паразитӣ) мекунанд. Ба занбӯрҳои Chrysidoidea занбӯрҳои Chrysidае ва Cleptidae тааллуқ доранд. Онҳо филиззиранг буда, ранги болҳояшон муқаррарист. Кирминаашон дар ҷисми кирминаи пардаболҳо ва ҳашароти дигар зиндагӣ мекунад. занбӯрҳои заминкоб (Sphсeoidea) ба занбӯрҳои асал шабоҳат доранд. Онҳо дар замин сӯрох кофта, лона месозанд. Ғизои кирминаашон ҳашарот, тортанак, кана ва амсоли инҳо мебошад.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз занбӯрҳои Vespoidae дар олами ҳашароти Тоҷикистон занбӯрҳои сурхи шарқӣ (мас., Vespa orientalis), полист (мас., Polistes gallicus) ва занбӯрҳои деворӣ (аз ҷинси Ogunerus ва Swmenes) бештар дучор меоянд. Дарозии занбӯрҳои сурхи шарқӣ то 3 см буда, бештар дар назди манзилгоҳҳо зиндагонӣ мекунад. Полист шиками дарозрӯя дошта, ҳангоми обнӯшӣ ба рӯи об менишинад. занбӯрҳои деворӣ дар ҷарию тарқиши деворҳо лона месозанд. Аз занбӯрҳои Scolioidea дар Тоҷикистон занбӯрҳои мӯякбадан (мас., Scoliа matulata) бештар паҳн шудааст. Хусусан занбӯрҳои заминков бисёранд. Бештари онҳо барои истеъмоли туъмаи муайян мутобиқ шудаанд, мас., аммофилҳо (Amophila) зочаи баъзе шапалакҳо, сфексҳо (Sphex) малахҳоро мехӯранд. Аксари занбӯрҳо фоиданок буда, ҳашароти зарарасонро нобуд ва рустаниҳоро гардолуд мекунанд. Баъзе занбӯрҳоҳо ба занбӯрпарварӣ зарар меоваранд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занбӯр // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.