Зарари маънавӣ
Зоҳир
Зарари маънавӣ — дар илми ҳуқуқи меҳнатӣ товони азоби рӯҳӣ ва маънавиро мегӯянд, ки ба корманд бо гуноҳи корфармо расидааст. Зарари маънавӣ бо роҳи паҳн кардани маълумоте, ки шаъни кормандро паст мезанад, расонида мешавад. Зарари маънавӣ бо пул ё бо дигар шакл ба андозае, ки корфармо ва корманд муайян мекунанд, ҷуброн карда мешавад. Дар сурати ба миён омадани баҳс ин масъала аз ҷониби суд баррасӣ мешавад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 168
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |