Зарар
Зарар (ар. ضَرَر — газанд, осеб, зиён), зиён:
- хароҷоти ғайричашмдошт, талафоти амвол ва маблағҳои пулӣ, фоидаи зоеъшуда;
- осебе, ки дар натиҷаи фаъолияти як субъект ба субъекти дигар ё ба табиат, муҳит ва одамон расонида шудааст. Зарар ду намуд мешавад: моддӣ ва маънавӣ. Зарари моддӣ оқибатҳои номусоиди молиявӣ ё ғайримолиявӣ ва коҳишёбии ҳама гуна неъматҳои моддӣ мебошад. Зарар ба моликият ва амвол дар шакли кам кардани миқдору ҳаҷм, костани арзиш, нақс пайдо кардани навъу намуд ва сифат ё нобуд кардани он расонида мешавад. Зарари маънавӣ дар шакли азоби ҷисмонӣ ё рӯҳӣ бо вайрон кардани ҳуқуқи ғайриамволии шахси дигар — ном, шаъну шараф, ҳуқуқи муаллифӣ ва ғ. расонида мешавад. Зарари расонидашуда ба таври ҳатмӣ бояд ҷуброн ва ё барқарор карда шавад. Миқдор, андоза ва хусусиятҳои ҷуброни зарарро суд муайян мекунад. Зарари ба ҳаёт ва саломатии шаҳрванд расонидашуда, алалхусус ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ, бевосита аз тарафи давлат ҷуброн карда мешавад.
Дар ҳуқуқи гражданӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зарар дар ҳуқуқи гражданӣ амал ё беамалии ғайриқонунии субъекти муносибатҳои ҳуқуқист, ки боиси расонидани осеб ба дигар субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ё аз байн рафтани амвол ва костани саломатии онҳо гаштааст.
Дар ҳуқуқи меҳнатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зарар дар ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз шартҳои асосии ба ҷавобгарии моддӣ кашидани корманд мебошад. Корманде, ки бо гуноҳи ӯ ба корфармо зарари моддӣ расидааст, ба андозаи зарари бевоситаи воқеӣ, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнааш масъулияти моддӣ дорад. Зарари бевоситаи воқеӣ коҳиш ёфтани амволи корфармо, паст гардидани арзиш ва ба миён омадани зарурати таъмиру барқарорсозии ҳолати пешинаи он мебошад. Зарари маънавии дар натиҷаи паҳн кардани маълумоти пастзанандаи шаъни корманд расонидашуда бо пул ё бо дигар шакл, ба андозае, ки корфармо ва корманд муайян мекунанд, ҷуброн карда мешавад. Дар сурати ба миён омадани баҳс ин масъала аз ҷониби суд баррасӣ мешавад.
Дар ҳуқуқи ҷиноятӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳуқуқи ҷиноятӣ расонидани зарари ҷисмонӣ ҳамчун ҷиноят ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ эътироф шуда, дар натиҷаи таъсири омилҳои берунӣ: механикӣ, физикӣ, кимиёӣ, биологӣ, техникӣ, вайрон гардидани ягонагии анатомӣ ё физиологии узв ва бофтаҳои одам сурат мегирад. Зарари ҷисмонӣ дар осебрасонӣ ба саломатӣ ва халалдор ё суст гардидани функсияҳои физиологии андомгони инсон ифода меёбад. Навъҳои зарари ҷисмонӣ: вазнин, миёна, сабук. Зарари вазнин ба ҳаёти инсон хавфнок буда, боиси расидани осеби бузург ба саломатӣ мегардад. Аломатҳои зарари вазнин ба саломатӣ: а) нобино, гунг, кар шудан, талаф ёфтани ягон узви бадан ё аз кор мондани ин узв; б) қатъ гардидани ҳомилагӣ; в) бемории рӯҳӣ; г) бемории нашъамандӣ ва ё токсикоманӣ; д) бадсуратии ислоҳнопазири рӯй. Зарари миёна ба саломатӣ барои ҳаёт хавфнок набуда, оқибатҳои зарари вазнинро ба миён наоварад ҳам, боиси аз даст додани на камтар аз сеяки қобилияти умумии корӣ мешавад. Зарари сабук боиси муддати кӯтоҳ аз даст додани қобилияти корӣ мегардад. Тибқи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 110—120) барои расонидани зарари ҷисмонӣ ҷазо муқаррар шудааст.
Зарар дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар гуна кирдори зиддиҳуқуқӣ, ки аз тарафи субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ содир шуда, дар натиҷаи он манфиатҳои қонунии бо меъёри ҳуқуқи байналмилалӣ ҳифзшавандаи давлатҳо поймол мегардад. Зарар боиси ҷавобгарии байналмилалӣ мешавад. Давлати ҷаврдида метавонад ҷуброни зарарро талаб кунад. Навъҳои зарар: моддӣ (қаламравӣ, талафоти молумулкӣ, аз даст додани фоида) ва ғайримоддӣ (маҳдуд кардани ҳуқуқ, шараф, қадру манзалати давлатҳо ва ғ.). Шаклҳои барқарор кардани зарар: реститутсия, ҷуброн, сатисфаксия.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарар / А. Абдуҷалилов, Ш. Мустафозода, С. Раҷабов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2005;
- Гражданское право. Т. 4. М., 2008;
- Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д. 2009;
- Барихин А. Б. Большая юридическая энциклопедия. М., 2010;
- Раҷабов С. А. Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ. Д., 2012;
- Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2012;