Jump to content

Зардушт Баҳроми Пажду

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зардушт Баҳроми Пажду
Зодгоҳ
Кишвар

Зардушт Баҳроми Пажду (форсӣ: زرتشت بهرام پژدو‎; қарни XIII) — шоир ва тарҷумони зардуштии форс-тоҷик, писари Баҳроми Пажду, мутарҷими «Ардавирофнома» ба форсӣ ва муаллифи «Заротиштнома».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пажду Зардушт ибни Баҳ­ром дар оилаи пайравони зардуштия ба дунё омада, худ низ яке аз рӯҳониёни дини мазкур буд. Аз ҳусни таваҷҷӯҳи Пажду ба дину оини бостони Эрон осори боқимондаи ӯ гувоҳӣ медиҳанд.

Яке аз таълифоти машҳури Пажду «Зардуштнома» мебошад, ки дар асоси қиссаву ривоятҳои авестоӣ ва паҳлавӣ оид ба Зардушт таълиф гардидааст. Пажду асари дигари паҳлавӣ — «Ардавирофнома»-ро низ ба риштаи назм кашидааст. Назми Пажду аз ҷиҳати бадеият чандон баланд набошад ҳам дар ҳифз ва интишори киссаву ривоятҳои Эронӣ бостон хидмати арзандае кардааст.

  • Пажду Зардушт ибни Баҳ­ром // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).