Jump to content

Ардавирофнома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Ардивирофнома», «Артавирознома» — яке аз осори динии адабиёти паҳлавист, ки аз тарафи муаллифи номаълуме дар а-ҳои 6 — 7 ба забони форсии миёна (паҳлавӣ) навишта шудааст.

Мавзӯи «Ардивирофнома»-ро баёни сафари тахайюлии (фантастикӣ) Вироф ном мубади зардуштӣ ҳамроҳи Суруш ва Отар (Озар — рӯҳи оташи муқаддас) ба дунёи дигар ташкил медиҳад. Вирофро ҷамоаи мубадон аз байни 7 кас ба сабаби комилияти дониши динӣ ва ахлоқиаш фиристодаи заминиён ба он дунё интихоб мекунанд. Вироф доруи беҳушӣ хӯрда, ба хоби гарон меравад ва рӯҳи ӯ ба он дунё парвоз мекунад, то ки аз барҳақии дини зардуштия барои мардум далел орад. Рӯзи ҳафтум рӯҳи Вироф ба замин бармегардад. ӯ бедор шуда, дар назди мубадону дигар ҳаммаслакон таассуроти худро аз сафари он дунё баён намуд. Мувофиқан ба суханронии Вироф «Ардивирофнома» ба қисмҳо (фаргардҳо) ҷудо гардидааст. Дар ҳар як фаргарди Вироф аз гуноҳе ва подошу ҷазои он сухан рафтааст. Тасаввуроти эсхатологӣ (ондунёӣ), ки дар ин асар омадааст, аз масъалаҳои марказии дини зардуштия буда, ба бисёр осори адабии динии Шарқи Наздик ва Марказӣ (махсусан ба адабиёти дини ислом) таъсир расондааст, масалан, меъроҷи Муҳаммад пайғамбар (с). Сюжети «Ардивирофнома» ба «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте ва «Рисолат-ул-ғуфрон»-и Абулъалои Маарӣ монанд аст. Ҷиҳати ҷолиби монандии «Ардивирофнома» ва «Мазҳакаи илоҳӣ» дар он аст, ки дар ҳар дуи онҳо тасвири дӯзах нисбат ба биҳишт муфассалтар аст. «Ардивирофнома» бо вуҷуди асари динӣ буданаш дорои хусусиятҳои адабиёти бадеӣ низ мебошад. Дар он унсурҳои адабиёти шифоҳӣ ва анъанаҳои адабиёти хаттӣ ба ҳам омехта омадаанд. Тамсилҳо, воситаҳои тасвири бадеӣ, монологу диалогҳо, иборапардозиҳои муҷаз арзиши бадеии асарро зиёд кардаанд. Умуман, «Ардивирофнома» аз ҷиҳати баландии пояи маданияти сухан ва мукаммалияти таркибу тарзи баён нисбат ба дигар осори адабиёти паҳлавӣ пурратар мебошад.

Қадимтарин нусхаи нисбатан мукаммали «Ардивирофнома» матни позандии он (ниг. Позанд) мебошад. Вале аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа нусхаи паҳлавии «Ардивирофнома», ки дутоаш то имрӯз боқӣ мондааст, аз нусхаи форсии дарии он («Ардивирофнома»-и манзум) ғанитар аст. Дар матни паҳлавӣ замони ба вуқӯъ пайвастани рӯйдодҳои ин китоб — давраи Эронро забт кардани Искандари Мақдунӣ муқаррар гардидаанд. Пас аз он ки Искандар нусхаҳои Авесторо несту нобуд кард, дар байни зардуштиён оид ба дину мазҳаб шубҳа ба миён омад. Мувофиқи нусхаи позандӣ ривояти мазкур ба давраи ҳукмронии шоҳ Виштосп тааллуқ доштааст. Нусхаи тарҷумаи форсии «Ардивирофнома» («Ардивирофнома»-и манзум) замони ин ривоятро ба давраи Ардашери Бобакон мансуб медонад. Ин нусхаест, ки дар нимаи дуюми садаи 13 Зардушт Баҳроми Пажду ба назм даровардааст. Тарзи баён дар «Ардивирофнома»-и манзум сода аст. Калимаҳои арабӣ дар он хеле каманд. Дар он аз истилоҳоти динӣ ва нуҷуми маъмул дар забони паҳлавӣ истифода шудааст. Ба ғайр аз нусхаи манзуми «Ардивирофнома»-и Пажду, чанде аз муаллифони дигар, аз ҷумла Анӯшервон писари Марзбон ва Ковус (порсҳо — пайравони зардуштия дар Ҳиндустон) «Ардивирофнома»-ро ба назм даровардаанд. «Ардивирофнома» ба забонҳои санскрит, гуҷаротӣ, англисӣ тарҷума шудааст.