Зариф Бобокалонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Зариф Бобокалонов
Бобокалонов Зариф Тоирович
Зодрӯз

3 ноябр 1970(1970-11-03) (49 сол)

Мансубият

 Тоҷикистон

Рутба

генерал-майор

Ҷоизаҳо ва мукофотҳо
медали «Ҷасорат»

Бобокалонов Зариф Тоирович (тав. 3 ноябри 1970, Душанбе) — ходими ҳарбии тоҷик, генерал-майор (2004).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии ҳарбии умумиартиши фармондеҳии ш. Владикавкази Федератсияи Россия (1992) ва Академияи сипоҳи танкиву мошинаҳои зиреҳпӯши ш. Маскав (1998). Сардори шуъбаи 2-юми Комиссариати ҳарбии ноҳ. Исмоили Сомонии ш. Душанбе (1992–93), фармондеҳи гурӯҳи 2-юми ротаи таъйиноти махсус, ротаи комендантӣ ва гауптвахтаи Комендатураи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ (1993–94), ёвар ва ёвари калони коменданти ҳарбии Комендатураи ҳамлу нақли роҳи оҳан ва фурудгоҳи ш. Душанбе (1994 – 95), муовини сардор ва сардори Раёсати фаврии Сарситод (1998 – 2000), муовин ва муовини аввали сардори Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ (2000–03). Аз с. 2003 муовини аввали сардори Сарситод – сардори Раёсати фаврии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ.

Медалҳо[вироиш]

Бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]