Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарних

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аурипигмент
Формула As2S3
Физические свойства
Цвет Золотисто-жёлтый, оранжевый
Цвет черты Жёлтый
Блеск Перламутровый, жирный
Прозрачность Просвечивает в тонких чешуйках
Твёрдость 1,5—2
Спайность Весьма совершенная
Излом Ступенчатый слюдоподобный
Плотность 3,4—3,5 г/см³
Сингония Моноклинная

Зарних (аурипигме́нт) — минерал, формулаи кимиёиаш As2S3. Дар таркибаш 60,91 % арсен (As) ва 39,9 % сулфур (S) мавҷуд аст.

Дар сохтори моноклинӣ шӯша (кристалл) мебандад. Шӯшаҳояш маншуршакл. Бо корд ба осонӣ бурида мешавад. Рангаш зарди тилоӣ, зарди норанҷӣ ва баъзан бӯртоб мешавад. Ҷилояш дурахшон. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос – 1,5–2; зичиаш 3490 кг/м3. Дар шаҳшароб ва ишқорҳо ҳал мешавад. Неруи барқро намегузаронад. Зарних дар конҳои ҳарораташон пасти ҳидротермалӣ якҷо бо минералҳои реалгар, антимонит ва ғ., инчунин дар таҳнишастҳои чашмаҳои гарми маъданӣ ва маҳсули оташфшонии вулканҳо вомехӯрад. Аз зарних пайвастҳои маргимуш тайёр мекунанд.