Заробиддин Қосимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Заробиддин Қосимӣ

Таваллуд 4 ноябр 1967(1967-11-04) (56 сол)

Заробиддин Қосимӣ (Сироҷов Заровудин Қосимович; зод. 4 ноябри 1967, ҶШС Тоҷикистон) — давлатмард ва сафири тоҷик, Фиристодаи фавқулода ва мухтори дараҷаи II. Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2024)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Заробиддин Қосимӣ 4 ноябри соли 1967 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст[1]. Солҳои 1974—1984 дар мактаби миёна, солҳои 1984—1991 дар шуъбаи забони арабии факултаи Забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил ва дар солҳои 1986—1988 дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хидмати ҳарбӣ кардааст.

Хонавода[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиладор ва падари шаш фарзанд[2].

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Заробиддин Қосимӣ солзли 1991—1992 муаллими забонҳои арабию форсӣ ва забону адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 48 шаҳри Душанбе, 1992—1993  ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқ ва фалсафаи шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 1993—1996 — нозир ва нозири калони Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, 1996—2005 сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ва котиби матбуотии вазири мудофиаи Тоҷикистон, 2005—2015 машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015—2016 директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2016—2020 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, 2020—2024[3] сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср буд.

Аз 29 январи соли 2024 Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қосимӣ З.. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (29 Январ 2024). 29 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. Қосимӣ Заробиддин. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср.
  3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср озод намудани Қосимӣ Заробиддин. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (29 Январ 2024). 29 Январ 2024 санҷида шуд.