Заррофа
| Заррофа | ||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
|
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Giraffa.
|
||||||||||||
| Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
| Giraffa camelopardalis Linnaeus, 1758 | ||||||||||||
| Таксонҳои хоҳар | ||||||||||||
|
||||||||||||
| Ареал | ||||||||||||
|
|
||||||||||||
| Вазъияти ҳифз | ||||||||||||
| ||||||||||||
Заррофа (лот. Giraffa camelopardalis; аз ар. زرافة), уштурговпаланг, зарроф — ҷонвари ширхӯри африқоии пистондор, мансуб ба қатори ҷуфтсумҳо дорои панҷа ва сум аз сардаи заррофагон, баландқадтарин заррофаи замин ва бузургтарин нушхоркунанда аст.
Тавсифоти зоологӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Заррофа намуди ягона буда, мансуб ба як ҷинс аст. Баландиаш аз замин то пешонӣ 4,5–5,8 м, вазнаш 750–1900 кг. Баданаш кӯтоҳ, пушташ шебдор, пойҳои пешаш назар ба пойҳои қафо дарозтар. Гарданаш бо вуҷуди дароз будан, аз 7 муҳра иборат аст. Сараш хурд, шохҳояш (2–5-то) кӯтоҳи пӯстдор. Рангаш зарди сафедтоб, баъзан малла, холҳои гуногуни рӯшан дорад; наринааш нисбат ба модина ва заррофабачаҳо тирагун аст. Баландии зиёд, то ба мағзи сар рафта расидани хун аз Заррофа мутобиқати хосро талаб мекунад. Дили Заррофа тақрибан 12 кг буда, дар 1 дақиқи то 60 л хунро мегузаронад; зичии унсурҳои хуни Заррофа назар ба хуни одам 2 баробар зиёд аст. Заррофаҳо дар Африқо (ҷанубтар аз Саҳрои Кабир) паҳн шуда, маъмулан гала-гала (то 100 сар) зиндагӣ мекунанд. Ғизои онҳо баргу шохчаи дарахтон (хусусан ақоқиё) аст. Заррофа чашми тез дорад. Бо суръати 50 км/соат ҳаракат мекунад. Дар давраи ҷуфтшавӣ (июл – сентябр) Заррофаҳои нарина миёни ҳам сарҷанг мекунанд. Муддати ҳамли Заррофа 14–15,5 моҳ буда, як бача (вазнаш то 50 кг) мезояд. Бачаи Заррофа ҳангоми таваллуд ёфтан аз баландии 2 м ба замин афтад ҳам, баъди чанд соат аллакай аз паси модараш ҳаракат мекунад ва то 1,5-солагӣ аз ӯ ҷудо намешавад. Заррофаҳо то 20 сол (дар шароити сунъӣ 28 сол) умр мебинанд. Заррофа яке аз ҷузъҳои муҳимми экосистемаи Африқо ва таҷассумгари асосии симои саванна аст. Саршумори он дар натиҷаи бераҳмона нест кардан (барои гӯшт ва пӯст) хеле кам монда, ҳоло танҳо дар боғҳои миллӣ вуҷуд дорад. Заррофаро шерҳо ҳам шикор мекунанд. Заррофа ба «Китоби сурхи байналмилалӣ» дохил карда шудааст. Аз рӯи нишондоди ҳафриётӣ замоне Заррофаҳо дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон низ сукунат доштаанд. Устухонҳои як ҷинси номаълуми Заррофа аз водии Қӯруқсой ёфт шудаанд, ки ба он баъдтар суғдианотерриум (Sogdianoterrium) ном додаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заррофа // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
