Зарурати истеҳсолӣ
Зарурати истеҳсолӣ — дар ҳуқуқи меҳнатӣ дар ҳолатҳои фавқулода ва ғайричашмдошти қаблан пешбинишуда ногузир будани иҷрои корҳои таъхирнопазире, ки фаъолияти муътадили корхонаву ташкилот ва муассиса ба он вобаста аст.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мавриди зарурати истеҳсолӣ корфармо ҳақ дорад кормандро бидуни розигии ӯ ба муддати то 1 моҳ ба кори дигари дар шартномаи меҳнатӣ дарҷ нагардида гузаронад. Дар айни замон кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатии ӯст, гузаронидан мумкин нест. Дар давраи муваққатан ба кори дигар гузаронидан ба корманд аз рӯи кори иҷрокардааш, вале на камтар аз музди миёнаи пештара, ҳақ дода мешавад. Муҳлатҳои ниҳоии гузаронидан ба кори дигар, инчунин ҳаҷми мушаххаси музди меҳнат бинобар зарурати истеҳсолӣ дар шартномаи коллективӣ муқаррар карда мешавад. Агар шартнома баста нашуда бошад, онро корфармо баъди машварат бо мақоми намояндагии кормандон муайян менамояд (Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 40). Дар қонунгузории Федератсияи Русия гузаронидан ба кори дигар бинобар зарурати истеҳсолӣ барои пешгирӣ ё рафъи офати табиӣ; садамаи истеҳсолие, ки оқибатҳои он бояд фавран бартараф карда шаванд; пешгирии ҳодисаҳои нохуш; аз кор бозистодан; маҳвшавӣ ё харобшавии амволи давлатӣ ё ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои истисноӣ иҷозат дода намешавад. Иваз кардани корманде, ки бо сабабҳои узрнок дар ҷои кораш ҳозир нашудааст, зарурати истеҳсолӣ ба шумор меравад. Ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истеҳсолӣ, аз ҷумла бинобар иваз кардани корманди муваққатан дар кор ҳозирнабуда, тавассути фармон ё амри роҳбари корхона, ташкилот, муассиса ба расмият дароварда мешавад. Гузариш ба кори дигарро рад кардани корманд, дар сурати набудани сабабҳои узрнок, вайронкунии интизоми меҳнат ба шумор меравад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарурати истеҳсолӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.