Jump to content

Зарурати ниҳоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зарурати ниҳоӣ — дар ҳуқуқи ҷиноятӣ (моддаи 42 КҶ ҶТ) яке аз ҳолатҳоест, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунад. Дар ҳолати зарурати ниҳой, яъне барои рафъи хавфи бевосита ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии нн шахс ё ашхоси дигар, манфиатҳои ҷомеа ё давлат таҳдидкунанда расонидани зарар ба манфиатҳое, ки онҳоро қонун муҳофизат мекунад, агар рафъи ин хавф бо воситаҳои дигар номумкин бошад, ҷиноят ҳисоб намешавад, агар зимнан зарурати ниҳой аз ҳад нагузашта бошад. Қоидаҳо оид ба зарурати ниҳоӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ низ дахл доранд. Дар ҳуқуқи гражданӣ мафҳуми зарурати ниҳоӣ бо ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ мувофиқат мекунанд. Аммо мавҷудияти зарурати ниҳоӣ аз рӯи қоидаи умумӣ шахсро аз ҷуброни зарари расонидаи ӯ озод намекунад ( м. 1082 КГ ҶТ).

Тибқи 6.2 м.1082 КГ ҶТ

«бо назардошти ҳолате, ки вобаста ба он чунин зарар расонида шудааст, суд метавонад уҳдадории ҷуброни зарарро ба зиммаи шахси сеюм, ки ба манфиати он зараррасон амал кардааст, гузорад ё ҳам зараррасон ва ҳам шахси сеюмро пурра ё қисман аз ҷуброни зарар озод намояд»

. Зарурати ниҳой яке аз ҳолатҳоест, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунад. Мувофиқи м. 42 КҶ ҶТ

«дар ҳолати зарурати ниҳой, яъне барои рафъи хавфи бевосита ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ин шахс ё ашхоси дигар, манфиатҳои ҷомеа ё давлат таҳдидкунанда, расонидани зарар ба манфиатҳое, ки КҶ ҶТ муҳофизат мекунад, агар рафъи ин хавф бо воситаи дигар номумкин бошад, ҷиноят ҳисоб намешавад, агар зимнан зарурати ниҳоӣ аз ҳад нагузашта бошад»

.

Расонидани зараре, ки ба хусусияту дараҷаи хавфи таҳдидкунанда ва ҳолатҳои рафъи хавф баръало мувофиқ набуда, дар натиҷа ба манфиатҳои қонунан муҳофизатшаванда баробари зарари пешгиришуда ё аз он бештар зиён оварда шуда бошад, он аз ҳад гузаронидани зарурати ниҳой эътироф мешавад. Чунин азҳадгузаронӣ танҳо дар ҳолати қасдан расонидани зарар боиси ҷавобгарӣ мегардад. Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани кирдори дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содиршуда хусусияту дараҷаи хавфи рафъшаванда воқеият ва наздикии фаро расидани он, имконияти воқеии шахс дар мавриди пешгирӣ намудани он, вазъи рӯҳии ӯ дар ҳолати бамиёномада ва ҳолатҳои дигар ба назар гирифта мешаванд.

Барои он ки кирдорҳои ҳангоми зарурати ниҳоӣ содиршуда ҷиноят ҳисобида нашавад, шартҳои зерин зарур аст.

  1. 1. Шартҳое, ки ба хафви таҳдидкунанда хосанд:
  • хавф мумкин аст аз ҳаракату давраҳои гуногун ба вуҷуд ояд: кирдори инсон, қувваҳои табиат, носозии

техникиву механизмҳои гуногун, ҳуҷуми ҳайвонот, давраҳои физиологӣ, ки дар организми инсон ҷараён мегиранд (беморй, гуруснагӣ ва ғайра), бархӯрди ду уҳдадорӣ (масалан, духтур дар як вақт ба назди 2 бемор даъват карда мешавад).

  • хавф бояд мавҷуд бошад;
  • хавф бояд ҳақиқӣ, на ин ки хаёлӣ бошад.
  1. 2. Шартҳое, ки ба муҳофизат тааллуқ доранд:
  • ҳангоми зарурати ниҳой мумкин аст манфиатҳои гуногуни аз тарафи Қонун ҳифзшаванда муҳофизат карда шавад;
  • зарар бояд ба шахси сеюм расонида шавад;
  • зарар дар ҳолатҳое расонида шуданаш мумкин аст, ки агар рафъи хавфи тахдидкунанда ба воситаҳои дигар номумкин бошад;
  • зарари расонидашуда бояд аз ҳадди зарурати ниҳой нагузашта бошад, яъне зарари расонидашуда бояд аз зарари пешгиришаванда камтар бошад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 168-169