Зарфи макон
Jump to navigation
Jump to search
Зарфи макон ҷой ва макони воқеъ шудани амалу ҳолатро мефаҳмонад.Зарфҳои макони забони тоҷикӣ миқдоран каманд: дарун, берун, пеш, қафо, боло, поён.Калимаҳои номбурда аслан исманд.Ҳамаи ин калимаҳо бо гирифтани пасванди -тар дар шакли дараҷаи қиёсӣ низ омада метавонанд. Сифатҳои хоси макон аз қабили дур(дуртар), наздик(наздиктар) тағйири маъно карда, дар ҷумла ба вазифаи зарфи макон меоянд.
Мисолҳо[вироиш]
- Равандагони мо тамошокунон пеш мерафтанд (Сотим Улуғзода).
- Баъди тамом шудани кор мо дуртар рафта ба "анбор"-и махфии худ нигоҳ кардем (Сотим Улуғзода).
- Сардорашон саҳл пештар шиштааст (Раҷаб Амонов).
Нигаред[вироиш]
Манбаъ[вироиш]
- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - с.273